Андешаҳои нопок ва муғризонаи душманони дӯстнаморо маҳкум менамоем

Logo_001

Тавре огаҳ ҳастем, аз санаи 4 ноябри соли 2019 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як  қатор давлатҳои Аврупо, аз ҷумла ба Конфедератсияи Шветсария ва  Ҷумҳурии  Фаронса оғоз гардида, ин сафар бобарор идома дорад. Ҳар як сафари хориҷии  Пешвои муаззами миллат ба манфиати кишвари азизамон тарҳрезӣ гашта, аз ҳар ду ҷонибҳо омодагии ҳаматарафа дида мешавад.

Душманони миллат, аз қабили пайравони носипоси ПМ, ҲНИ ва як гурӯҳ ҳаммаслакони инҳо, ки  сар то пойи вуҷудашон фарогири кинаю адоват буда, рушду инкишофи Тоҷикистонро дидан намехоҳанд, аз ин сафарҳо ҳангомаҳои беасос сохта,  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна ҳарзагӯиҳо мекунанд.

Ин ҳангомаҷуёни ватангадо, ки  думболи татбиқи дастури хоҷагонашон ба тамоми бериёӣ даст мезананд,   мутаасифона аз номи миллат (ҳол он ки ному нони миллат инҳоро кӯр мекунад) изҳорот  пешниҳод менамоянд.

Аён аст, ки сарварону пайравони ин гурӯҳҳо дар он давлатҳое, ки ба сар мебаранд, чун мурғи хонагӣ  аз тарсу ҳарос ба кӯчаҳо намебароянд.  Пас иддао мекунанд, ки ба пешвози Роҳбари давлати тоҷикон тазоҳуроту пикетҳо ташкил менамоянд.  Ин нақшаю ниятҳои бепояю гайриқонунии хоинони миллат идомаи ҳарзагӯиҳояшон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавон ҳисобиду халос.

Оё намедонанд, ки ҳар як сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун намоянда ва Пешвои миллати тамаддунофари тоҷик бо эҳтироми хоса ба анҷом мерасанд. Давлатҳои дӯсту ҳамҷавор Тоҷикистони азизро имрӯз ҳамчун давлати дар роҳи рушд азмнамуда маҳз бо сарвари хирадмандаш Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳар кишваре, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафар менамоянд, бо самимияти зиёд истиқбол гирифта мешавад.

Ҳамаи инро роҳбарият ва халқу миллатҳои гуногун хуб медонанд. Ба миллати тоҷик эҳтиром таваҷҷӯҳи самимонаи худро борҳо нишон додаанд.

Танҳо  “ҳамватанон”-и бадкешу  бадгуҳари мо пайравони ПМ, ҲНИ  ва афроди ба инҳо пайрав инро намедонанду дидан намехоҳанд. Чунки онҳо кӯранд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар ин сафар низ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои арзанда ба манфиати Тоҷикистони азиз бармегарданд.

Кӯрдилони нопок аз ин дастовардҳои навбатӣ ангушти ҳайрат ва надомат мегазанду халос. Ҳеҷ гоҳ нақшаю ниятҳои ин хоинони ватанфурӯш амалӣ намегардад. Зеро  хоини Ватанро Худо ҳам намебахшад.

Мо, аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ин андешаю мақсадҳои хоинони миллатро нисбати сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо сахт маҳкум намуда, Ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаашон ба хотири ободии Ватан барору комёбиҳо таманно менамоем.

 

Туйғун Шарифзода,

раиси кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>