Амали муғризонаи хоинонаи террористони ДИИШ

Logo_001

Шаби 6-уми ноябри соли равон ба дидбонгоҳи сарҳадии № 4 –и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди “Султонобод” террористони  ДИИШ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус ҳуҷум карданд. Дар амалиётҳои муташакилона 1 нафар хизматчии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.

Кулли кормандон ва ҳизбиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз марги 2 нафар ҷавони ватандӯст сахт андӯҳгин ҳастанд. Зеро ин ду нафар мардонавор баҳри ҳимояи Ватан то лаҳзаи марг бо террористони силоҳбадаст ва ниқобпӯш ҷангиданд. Маҳз иродаи қавӣ ва ватандӯстонаи дигар фарзандони шуҷои миллат буд, ки бар зидди ин душманон ҷангида дар натиҷа 15 нафари аъзоёни ташкилоти террористӣ безаррар гардонида шуда, 5 нафари дигар дастгир карда шуданд.

Ба онҳое ки имрӯзҳо дур истода, Ватану миллати хешро фурӯхта ба мардуми тоҷик чоҳ канданиянд, мегӯем, ки “Чоҳкан зери чоҳ “. Ҳеҷ як хиёнаткор саломат намемонад.Халқи меҳнатқарини тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузоранд, ки нохалафе хоки поки кишварамонро палид созад!

Хоинони миллат бояд донанд, ки ҳеҷ гоҳ наметавонанд руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллати тоҷикро ба шикаст рӯ ба рӯ созанд. Ҳифзи марзу буми Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандор мебошад. Мо бояд дастҷамъона ба муқобили амалҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгаро истодагарӣ намуда, муборизаи беамон барем.

Аз ҳар як пешравиҳои Тоҷикистони азизи мо ин нотавонбинон ҳасад бурда, рӯз аз рӯз нақшаҳои нопоку сиёҳи худро тарҳрезӣ мекунанд. Пас моро мебояд бештар ва пештар аз ин ҳушёру зирак бошем ва ба ҳама гуна иғвову дасисаҳои душманон посух дода, Ватани худро ҳимоя карда тавонем.

    КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>