Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз

М.Солиева сурат

Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ  ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Ҳунар бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич дорад. Аз ин рӯ, ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд. Мо бояд онҳоро ҳифз намоем.

Бо иқдоми Сарвари давлат соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат солҳои 2019–2021–ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки давлату Ҳукумат барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ пайваста тадбирҳо андешида, ба ҳунармандон ғамхории махсус зоҳир менамояд.

Эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули  дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошад. Инчунин, дар ин самт ҷалби ҳар чи бештари духтарон ва занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ бешубҳа, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Бонувони  эъҷозкор

    Зиндагӣ бо маҷрояш, ҳаёт бо зебоиҳояш ва ҳунарманд бо ҳунару офаридаҳояш дар китоби умр нақши муассир дорад. Дар ин росто занону бонувон, ки худ эъҷозкоранд, барои  ободӣ, шукуфоӣ ва рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ дар ҷомеа саҳмгузоранд.

Яке аз чунин зани соҳибзавқу соҳибэҳтиром ва ҳунарвар Шафоат Юсупова аз Ҷамоати деҳоти Ёва буда, дар хона бо ҳунари гулпарвариву дӯзандагӣ, бофандагиву гулдӯзӣ, қуроқу мӯҳрабандӣ, кулолгариву наққошӣ, сураткашиву рӯймол, ҷиҳак тӯппӣ, кӯрпачаву болин ва ғилефаву рӯйкашдӯзиву қолинбофӣ машғул аст. Ин модари 58-сола садҳо шогирдонро тарбия намуда, аз ҳама муҳимаш ду писару як духтар, шавҳар ва ду арӯси хонадону набераи дӯсрӯякаш ҳунарҳояшро аз худ кардаву ҳамеша кӯмакрасонаш ҳастанд. Шод аст, ки наберааш  Мухлисахон аллакай дар озмунҳои минтақавӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштааст. Вақте ӯ аз ҳунараш, аз омӯхтаҳояш ва аз дастгириву кӯмакҳои расида ҳикоят намуд, дарк кардам, ки воқеан ҳам, занест дӯстдори ҳунари волои миллӣ , фидоии кору зиндагӣ, сулҳу ваҳдат асту аз ғамхорӣ ва меҳрубониҳои ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллат шабу рӯз шукргузорӣ менамояд.

Дар муддати хеле кӯтоҳ 12 маротиба дар намошҳои гуногуне, ки дар сатҳи ноҳияву шаҳр, вилояту ҷумҳурӣ ва берун аз он доир гардид, ширкат варзидааст. Соли гузашта дар ноҳияи Овчии вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки намоиши ҳунарҳои миллиамон баргузор гардид, иштирок намуда, бо ҳунарҳои офаридааш диққати тамошобинон ва меҳмононро ҷалб кард ва маҳсули ҳунараш харидорони зиёде пайдо намуд.

Дар ҳақиқат, нақшу нигораҳое, ки танҳо бо мӯҳраҳои рангоранг ороиш ёфтааст, аз қабили шохҳои дарахтони гулгулшукуфт дар кӯза,  токи пур аз ангур, Нишони Тоҷикистон, сабзазоре, ки барф пӯшонидааст,  Об – манбаи ҳаёт ва даҳҳо дигар офаридаҳояш касро тасхир менамояд.

Аруси хонадон Муқаддасхон Юсупова низ аз хушдомани азизаш ҳунар омухта, дар намоишу фестивалҳо ҷойҳои фахриро ишғол намудааст. Диплом, ифтихорнома, сипосномаҳои зиёд гувоҳи меҳнати онҳо аст.

Муқаддасхон асосан бо ҳунари дузандагиаш ба буҷаи оила кумак мерасонад. Вақте ки дар хона бо онҳо суҳбат доштам, Муқаддасхон қайд намуд, ки ҳар як бонуи тоҷик бояд касб, ҳунар омӯзад, ки ҳунар беҳ аз симу зар аст. Ҳунарманд ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон хор нагардидааст.

Дари комгорӣ ба ганҷ  андар аст,

Раҳи ганҷ ҷустан ба ранҷ андар аст.

 

Ангуштони  сеҳрофар

    – Зебогии зиндагӣ дар дасти худи мо занон аст. Чӣ қадаре, ки мо ҳунар омӯзем, илм аз бар намоем, бо меҳнати ҳалол машғул шавем, албатта Худованд баракаи корамонро медиҳад – зикр намуд Матлубахон Маҳмудова, ки ангуштони сеҳрофарин дораду бо ҳунарҳои кешбофӣ, дӯзандагиву гулдӯзӣ, мӯҳрабандӣ, кулолгариву рӯймолдӯзӣ байни ҳамдеҳагон соҳиби обрӯву эътибор гардидааст. Маҳсули дастони ин бонуи ҳунарро дида, кас ба ҳайрат меафтад. Ҳарчанд ӯ маъюб аст, вале ҳаргиз аз зиндагӣ руҳафтода нест. Матлубахон орзу дорад, ки ҳунараш берун аз деҳаю ноҳия низ муаррифӣ шавад ва дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намояд.

 

Аслан, бонуи тоҷик аз қадим эҷодкор, ҳунарманд, ободгар буд ва боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки ҳунари волои зани тоҷикро оламиён эътироф намудаанд.

Матлубахон маҳсули дастонашро дар тани занону кудакон ва рӯймолҳои дӯхтаашро дар бари навҷавонон дида, хурсанд мешавад ва шукр мегӯяд, ки Худованд ба ӯ ангуштони сеҳрофар ато намудааст.

Муяссара СОЛИЕВА,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва кор бо занони КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>