ЁВА: ДАР СЕ МАРҲИЛАИ ТАЪРИХ

Ёва

Ҷамоати деҳоти Ёва яке аз ҷамоатҳои калон ва сернуфузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Зиёда аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ёва аз 22 деҳа иборат аст. Қисми ғарбии он бо ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсарҳад аст. Аз ҷониби дигар бо Хучанд мепайвандад. Ҷамоат дорои даҳҳо ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Мардум ба касбу кори гуногун машғул буда, бештарашон ҳунарманданд. Дар деҳоти он намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ташаккул ёфтааст.

Ёва, аз деҳаҳои бисёр қадимаи шафати Хуҷанди куҳан ба шумор меравад. Ин деҳаи афсонавӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар наздикии дарвозаи машҳури Хуҷанд – дарвозаи масҷиди Савр ва ё Уротеппа воқеъ буд. Шоҳроҳи бузург деҳаро бурида мерафт. Аз қадим мардуми деҳот  ҳунарманду кишоварз буданд. Маркази деҳаро аз як тараф доманакӯҳи Рухак ва аз тарафи дигар руди пуртуғёни Сир ҳусни афсонавӣ мебахшад. Дар гузашта дар доманаи Рухак заминҳои ғаллазор доман паҳн карда буданд. Ба ғайр аз боғдорӣ, ғаллакорӣ шуғли асосии мардум буд. Худи калимаи  «Ёва» ҳам аз забони авастоӣ буда, маънои «макони ғалладона»-ро дорад. Агар номи деҳа аз Авастои 2700-сола сарчашма гирад, таърихи пайдоиши онро ҳам хамонқадар тӯлонӣ гуфтан мумкин аст.

Пеш аз Инқилоби октябр аҳолии деҳа хеле кам буд. Мардум асосан дар 14 маҳалла, ё худ гузар маскан гузида буданд. Инҳо маҳаллаҳои Саллоҳхона, Шарифчҷзза, Устоҳо, Чакалак-ғашоба, Тошлоқ, Қорибобо, Кампир-масҷид, Хилватқӯрғон, Масҷиди калон, Миршикори боло, Миршикори Поён, Мазори Бурх, Сангин Ҳоҷӣ ва Чилламазор буданд.  Заминҳо аз се ҷӯй обёрӣ мешуданд ва асосан дар дасти заминдорони маҳаллӣ буданд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ тақрибан 10 фоизи аҳолии Ёва шахсони доро буданд. Онҳо соҳиби аз 5 га то 100 га замин буданд. Дар баробари ин, тахминан  58-70%-и аҳолӣ миёнаҳол зиндагӣ доштанд. Мардуми оддӣ асосан дар заминҳои боён чоряккорӣ мекарданд. Дар баробари деҳқонӣ аксарият ба ин ё он ҳунар шуғл варзида, зиндагии худро пеш мебурданд.

Дар ҳудуди деҳа то Инқилоб 18 хоҷагӣ амал мекард. Маркази деҳаро майдони зардолузор иҳота карда буд. Онро роҳи калоне бурида мерафт, ки он роҳ ба сӯи як қатор шаҳру кишварҳои бузург буд. Ин аст, ки мардуми деҳа аз тамаддуни башарият огоҳ буданду маърифати боло доштанд. Дар ду тарафи ҳамин кӯча зиёда аз 30 иншоот, дӯкону самоворхона, сарою масҷид, ҷувозу устохона ва дигар дӯконҳои ҳунармандӣ мавҷуд буданд. Ин бозгӯи он аст, ки мардуми деҳа аз қадим ба косибиву ҳунармандӣ шуғл доштаанд.

Тавре таърихшиноси маъруф Назирҷон Турсунов қайд мекунанд, аслан Хуҷанди куҳан танҳо шаҳре нест, ки онро девори бузург иҳота кардааст.  Манзилҳое, ки берун аз Хуҷанд буданд, яъне заминҳои ҳудуди Ёва ҳам ба хуҷандиҳо тааллуқ дошт. Яъне, сокинони Ёва хуҷандиёне ҳастанд, ки шурӯъ ах ибтидои асри 18 ба ин махалҳо муқимӣ шуданд. Онҳо якҷоя бо мардуми туркзабон, ки аз минтақаҳои дигар ба ин деҳа кӯчида омадаанд, дӯстона зиндагӣ мекунанд.

Соли 1917 дар Хуҷанд инқилоб ба амал омада, мардум барои барпо кардани ҳокимияти советӣ шӯриш карданд. Дар ин табаддулоти замон зодагони деҳаи Ёва низ саҳми арзанда доштанд. Моҳи феврали соли 1918 аллакай дар деҳаи Ёва байрақи советӣ партавафшон гашт. Дар ҳамон вақт Ёва тобеияти волоси Унҷӣ буд. Худи ҳамон сол ҳокимияти маҳаллӣ –совети қишлоқи Ёва ташкил шуд. Фаъолони деҳа яке аз барқароркунандагони фаъоли ҳокимияти советӣ Қорираҳмат Қурбоновро раиси ҷамоат интихоб карданд.

Таваҷҷӯҳ аввал ба мактабу маориф дода шуда, мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами яки ҷамоати Ёва яке аз аввалин мактабҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон мебошад. Он солҳои 1926-27 ба тариқи ҳашар бунёд гаштааст.

Дар баробари ин дар ҳудуди ҷамоат муассисаҳои тандурустиву маориф, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ бо назардошти шароити иқтисодии ҳамондавра бунёд мешуданд. Барои хифзи тартибот шуъбачаи милитсия хам ташкил гашт. Соли 1931 аллакай сокинони деҳа аз хизматрасонии почта ва алоқа бархурдор буданд. Барои роҳандозии ҳамаи ин корҳои созандагӣ ба ҷамоати деҳот хоҷагиҳо мадад мерасониданд. Дар аввал дар шаклҳои хурд хоҷагиҳо ташкил карда, шурӯъ аз солҳои 30-уми қарни гузашта колективикунонии хоҷагиҳо оғоз шуд. Ин буд, ки колхозҳои Қизилқаҳрамон, Иттифоқ ва Янгӣ қадам ба вуҷуд омаданд. Азбаски базаи моддии колхозҳо ҳанӯз устувор набуд, ба онҳо мардум бо олоти меҳнаташон аъзо мешуданд.

Пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз ин колхозҳо вобастагӣ дошта, бо беҳтар шудани вазъи молиявии онҳо шароити иқтисодии мардум ҳам рӯ ба беҳбуд меовард. Аз ҳисоби колхоз дар деҳа иншоотҳои маданӣ сохта ба истифода дода мешуданд. Соли 1935 дар деҳаи Сойча колхози Коминтерин чойхонаи дуошёнаи хеле бошахомат сохт. Чойхонаи боҳашамат макони истироҳату фарҳангии аҳли меҳнат гашт. Ин бинои хуштарҳу таърихӣ имрӯз ҳамчун муассисаи таҳсилоти иловагии рақами 4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амал карда, ҳанӯзам рисолати маънависози худро гум накардааст.

Мардуми шарафманди Ёва солҳои аввалин таъсисёбии ҳокимияти шӯравӣ дар бунёди даҳҳо иншооти стратегии замон саҳми арзишманди хешро гузоштаанд. Солҳои 30-уми асри гузашта дар аввал гурӯҳи мардони Ёвагӣ, баъдтар хоҷагиҳоро барои обод намудани водии Вахш сафарбар карданд. Дере нагузашта заминҳои лабташналаби водӣ шодобу ҳосилхез гашт.

Дар баробари ин, меҳнаткашони Ёва дар сохтмони канали калони Фарғона ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳими он солҳо саҳми намоён мегузоштанд.

Солҳои баъдиҷангӣ бошад дар минтақаҳои гуногуни деҳот заминкушоӣ авҷи тоза гирифт. Дар минтақаи бо ном Тозак, ки имрӯз Навобод ном мебаранд, қариб 1,5 ҳазор гектар замини нав кушода шуд. Аз сойи Хоҷабоқирғон онро обёрӣ карда, ба замини зархез табдил доданд. Дар минтақаи Оқтош тақрибан 1000 гектар заминҳои нав кушода шуданд.

Дар айни рушду шукуфоии деҳа Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Барои ҳифзи Ватан бештар аз 500 нафар диловарони Ёва ба фронт сафарбар шуда, 150 нафарашон қаҳрамонона дар майдони ҷанг ҳалок шуданд.

Баъди солҳои ҷангӣ давраи нави рушду тараққиёти деҳот шурӯъ шуд. Аз ибтидои соли 50-ум мумфарш кардани кӯчаҳо оғоз гаштанд. Ба аксари маҳаллаҳо хатҳои барқ кашида шуданд. Мардум то ин вақт обро аз ҳавзу ҷӯйборҳо истеъмол мекарданд. Ба маҳаллаҳо хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуданд. Дар қаламрави деҳа идораву муассисаҳои нав, мактаб, нуқтаҳои тиббӣ, чойхонаву мағозаҳои замонавӣ бунёд карда шуданд.

Баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ низ мардуми сарбаланди Ёва рисолати созандагии худро давом дода, баҳри пойдории ваҳдату ягонагӣ ва ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ нақши созгоре гузоштанд.

Агарчӣ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кулли сокинони кишвар вазнину сангин буд, мардуми шарифи Ёва низ ба хубӣ дарк мекарданд, ки ин имтиҳони таърих аст ва рӯзе фаро мерасад, ки зиндагии ободу осуда насиби ҳамдиёрон мешавад. Дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ садҳо нафар родмардони деҳа саҳми худро гузошта, даҳҳои дигар дар ин роҳ қурбон гардиданд.

Хушбахтона, ҳамаи ин сахтиҳо пушти сар гардида, ба туфайли хиради волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи кишвар сулҳ пойдор гашт ва дар қатори кишвари соҳибистиқлол, як гӯшаи он, деҳаи мо низ гул-гул шукуфта истодааст. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат даҳҳо корхонаҳои хурду бузург фаъол гардида, дар пешрафти иқтисодиёт ва таъмини зиндагии мардум ҳиссагузоранд. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди якчанд иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрӯз чанде аз онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар 28 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷамоат даҳҳо маҳаллаҳои нав бунёд шуданд. Маҳаллаҳои қадима боз ҳам ободу хуррам мешаванд. Ободкориву созандагӣ мароми ин халқ аст. Зеро онҳо идомадиҳагони кору пайкори падарону бобоёни худ – арбобони сиёсӣ Турсун Ӯлҷабоев, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Махкамов, Муҳаммад Осимӣ, Пӯлод ва Ҷӯра Бобокалоновҳо, Раҳбар Қосимов ва Биҳоҷал Раҳимова мебошанд. Шахсиятҳои илму ҳунари деҳа Муҳиддин Фарҳат, Озод Аминзода, Аъзам Сидқӣ, Қурбон Алӣ Ӯрмонов, Боймуҳаммад Ниёзов ва Абдулманнон Насриддинов  баринҳо обрӯву эътибори халқи Ёва ҳастанд.

Ҳар як деҳаро бо обидаҳои таърихияш хубтар мешиносанд. Дар ҳудуди ҷамоати Ёва мавзеъҳое мавҷуданд, ки таърихи хеле тӯлонӣ доранд. Яке аз онҳо мазори Бурхи Сармасти Валӣ мебошад, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи он маълумоти арзишманд ҷой доранд. Дар қисми шимолу ғарбии деҳа зиёратгоҳҳои Чилдухтарон ва Бобоваҳшиато ҷойгир шуда, таърихи беш аз ҳазорсоларо дар худ ҳифз кардаанд. Ин мавзеъ макони дӯстдошдании сокинони Ёва ва атрофи он мебошад. Махсусан, дар фасли аввали баҳор мардум ба инҷо ба сайри лола рафта, аз ҳавои пурнакҳату табиати нотакрори он баҳра мегиранд.

Ингуна сайргоҳ, мавзеъҳои таърихӣ ва истироҳатӣ дар ҳудуди деҳаи Ёва фаровонанд. Хоса, чандин деҳаҳои ҷамоат, ки дар доманаи кӯҳи Мевағул воқеанд, макони сайрбоб ба ҳисоб мераванд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боиси хушнудии сокинони деҳот гардид. Зеро аксарияти сокинони ҷамоати мо дар деҳот зиндагӣ карда, ба шарофати ин иқдоми неки Сарвари давлат корҳои созандагӣ дар ин минтақаҳо авҷи тоза гирифт.

Ба беҳтар гардонидани инфросохтори соҳаи сайёҳӣ низ эътибор дода, ба ободонии мавзеъҳои сайёҳӣ ташаббусҳо зоҳир гардиданд. Дар ҳудуди ҷамоат қариб ҳамаи нумудҳои ҳунармандӣ ривоҷ ёфта, барои муаррифии маҳсули онҳо низ иқдомҳо ба харҷ дода шуда истодаанд.

Хулоса, солҳои охир деҳаи мо шукуфо гардида, мардуми шарафманди он бо шукргузорӣ аз даврони тинҷу осоишта, соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ зиндагии пурсаодат доранд.

Раъно ХОЛМАТОВА,

муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёваи

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>