Баррасии масоили мубрами ҷомеа

1

Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизмро масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаи «Имоми Аъзам» баррасӣ намуданд.

Муаззама Абдуваҳҳобова, сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” таъкид намуд, ки мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои муосири раванди ҷаҳонишавӣ аз ҷониби масъулини ин нерӯи  сиёсӣ иқдому тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Ғ, Маллаев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан перомуни аҳамият ва манфиати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози назар намуд.

Дар ин мулоқот сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан ва нозирони минтақавӣ низ иштирок намуда,  перомуни масоили умдаи ҷомеа андешаҳояшонро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>