Занон — нерӯи пешбараи ҷомеа

IMG_20191114_111128

Намояндагони шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар муассисаи таълимии томактабии раками 8-и Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич мулоқот ташкил намуда, оид ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа сӯҳбат намуданд.

Гуфта шуд, ки занон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир доранд.

Таъкид гардид, ки танҳо дар ана ҳамин муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва ба истифода дода шуд, зиёда аз 100 нафар занону бонувон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

“Нақши занон дар татбиқи ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муассир буда, шумораи намояндагони ин нерӯи пешбар дар сафи ҳизб беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад” – таъкид шуд дар мулоқот.

Ҳамзамон, ба 60 нафар бонувон, кормандгонии муассиаи мазкур, ки ба сафи ҲХДТ пайваст шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>