“Пешвои миллат – ифтихори миллат”

IMG_20191114_091726

Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар толори бахши фарҳанги шаҳраки  “Адрасмон”  ҳамоиш доир намуд, ки дар он аъзои ҲХДТ, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва бонувони фаъоли ҳизб иштирок намуданд. 

Муслимахон Ҷамолиён, раиси кумиҷроияи шаҳр аз хидматҳои шоистаи Сарвари давлат хотиррасон шуда, таъкид намуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии  сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

“Маҳз талошу такопӯиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки миллат аз парокандагӣ ва давлат аз нестшавӣ наҷот ёфт. Мо ифтихор мекунем, ки роҳбарии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Пешвои муаззами тоҷикон, Сарвари давлат бар ӯҳда доранд” – қайд намуд раиси кумиҷроия.

Ҳамзамон, ба 9 нафар аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>