Парчам – рукни асосии давлатдорӣ

05

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуд.

Примқулова Зебо, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар бораи гиромидошти муқаддасоти миллӣ сухан гуфт.

“Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”- таъкид шуд зимни мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>