Тарғиби тарзи ҳаёти солим

Спитамен. Тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ҳамкори бо бахши кор бо занони МИҲД-и ноҳияи Спитамен дар  ҷамоати деҳоти  Хуррамзамин бо ҷавондухтарону занони хонашин ва бо фаъол занҳои деҳа вохӯри дар мавзӯи  «Пешгирии никоҳи хешу табор ива тарғиби ҳаёти солим дар байни занон» баргузор гардид. Дар вохӯри мудири бахши кор бо занони кумиҷроия Маматҷонова Д, ва директори маркази саломатии «Тарзи ҳаёти солим» Сарбозова О  ва зиёда аз 80-нафар занону духтарони деҳа иштирок доштанд. Сараввал  мудири бахши кор бо занон Маматҷонова Д. ба сухан баромада оиди Оиннома  ва мақсад ва вазифаи асосии ҲХДТ сухан ронда иштирокчиёнро бо «Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз номи тамоми ҳизбиён табрик намуд. Сипас оиди пешгирии никоҳи хешу табори ва қонуни «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи никоҳи хешу таборӣ аз 22.05.2016» баромад намуд.  Сипас директори маркази саломатии «Тарзи ҳаёти солим» Сарбозова О. низ ба сухан баромада зарари никоҳи хешу табориро аз нигоҳи тибби шарҳ дод ва  таъкид намуд, ки ҳаст далелҳое,ки модарон кӯдакони мурда таваллуд мекунанд, модароне ки фарзанди бонуқсон ба дунё меоранд сабаби асосии он никоҳи хешу табори ба ҳисоб меравад. Дар охир духтарон ва ҷавонзанон ба саволҳои худ ҳам аз ҷиҳати қонун ва  ҳам аз ҷиҳати тибби ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>