Модар фаришта буд, чаро аслиҳа гирифт…

Logo_001

Модар меҳрубонтарин офарандаи олам баъди Худост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ Зан -Модарро баъди Худо офаранда хонда, эҳтиромашро чун ҳамешагӣ боло гузоштанд. Шукронаи соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон, ки имрӯз модари тоҷик зери осмони софу фазои осуда умр ба сар мебараду дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолият дорад. Аз ҷониби давлату ҳукумат бо дастгириву ғамхориҳо фарогир асту аз имкониятҳои мавҷуда фаровон истифода мебарад.

Ҳодисаи нангине, ки дар ҳудуди Ишқобод рух дод, мардуми тоҷикро ба ҳайрат овард. Зеро онҷо занон ба ҷои нақши  зан — модарро офаридан, зан-террористро бозиданд. Кош ин афсона мебуд ё хобе. Лек як саҳнаи нангине буд, аммо чунин нақши нафратоварро ҳатто дар саҳна ҳам  набояд бозид.

Имрӯз чун як зан-модар андешаманд аз онам, ки наход модари тоҷик, ба ҷои оне, ки ба тифлаш меҳрубонӣ кунад, ба ҷои оне, ки фарзандро бо муҳаббат  навозиш кунад, ба ҷои оне, ки дуогӯи онҳо бошад, баръакс яроқ ба даст зидди фарзанди бонанги тоҷик барояд. Барои МОДАР хондани номи чунин зан забон лол мемонад. Наход дили модарияш аз чунин рафтори аблаҳонааш дард накашида бошад. Агар эҳсос мекард, ки хуни фарзанди тоҷикро мерезад, ба чунин роҳи ногуфтанӣ намерафт. Ҳайфи номи модарӣ, ҳайфо!

Куҷо ифтихори миллӣ? Куҷост ватандорӣ?

Ку бузургии Гурдофариду камонварии Зебуниссо, нақшофарии Тӯҳфаю  соҳибқаламии Фарзона ! Ифтихор инҷост, на дар майдони ҷангу муҳорибаю хунрезӣ!

 

 

 

Фирӯза Шерматова

мудири  шӯъбаи кор бо занони Кумитаи

 иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>