Корвон мегузарад…

Logo_001

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи  боздиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Шветсария ва Фаронса гуфтугузорҳои гуногуне сурат мегиранд. Дар бозтоби ин мавзӯъ хоса аъзоёни созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллии Тоҷикистон худро фаъол нишон медиҳанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд аҳамияту нақши онро дар сиёсати хориҷии давлати мо камарзиш нишон диҳанд.

Ва ин аз ҷониби онҳо амалу гуфтори нав нест. Ҳар иқдоме, ки Ҳукумати Тоҷикистон хоҳ дар дохил ва хоҳ дар муносибату робита бо мамолики хориҷа пеш мегирад, онҳо чун одат  нуқсе меҷӯянд ва бо ин мехоҳанд собит намоянд, ки  ҳастанд. Вале чи будане!  Андешаи он ки боздиди Сарвари давлат аз ин ду давлати пешрафтаи Аврупо , мулоқот бо доираҳои сиёсӣ ва соҳибкории онҳо барои Тоҷикистон чи пайомади неке хоҳад дошт, барои онҳо арзише надорад.

Имзои меморандумҳо бо мақомоти давлатии Конфедератсияи Шветсария бо мақсади рушди сайёҳӣ, бо бузургтарин ширкати ин  мамлакат   ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо ширкати  “Талко” ба маблағи 1,5 миллиард доллари ИМА, мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорони ин мамлакат барои рушди ҳамкорӣ бо ин давлати пешрафтаи Аврупо, бадбинон ҳарчӣ нагӯянд, барои Тоҷикистон арзишманд аст. Ҳам аз нигоҳи иқтисод ва ҳам сиёсат.

Дар сухан мухолифони сиёсати давлати Тоҷикистон  гӯё ҳама ҷонибдори  пешрафту шукуфоии  Ватан ҳастанд. Дар амал чӣ?   Рафтори авбошонаи онҳо нисбати ҳайати Тоҷикистон дар Порис- пойтахти Фаронсаро метавон намунаи рӯшани амалкарди онҳо донист. Бо ин рафтор онҳо кӣ будани худро барои ҳомиёнашон низ собит намуданд.

Ба рағми ин гуна назару рафтори онҳо, ки  ғаразашон дар инзиво қарор додани Тоҷикистон ва бадном кардани он аст, Сарвари давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузу ҷойгоҳи хосаро соҳиб ҳастанд ва пазироии ҳайати Тоҷикистон дар сатҳи олӣ дар ду давлати бонуфуз ва пешрафтаи Иттиҳоди  Аврупо, ба имзо расонидани созишномаҳои барои мамлакати мо судманд, далели ин аст. Ҳақ ба ҷониби халқ аст,ки гуфта: Саг меҷакаду корвон мегузарад.

                                                                      Мавлуда Тоҷиева,

 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>