Ин тоифаро бояд шинохт

Logo_001

Зиёд иттифоқ меафтад, ки дар кӯчаю бозор, маъракаҳо бо шиносу ошноҳо, ҳаммаҳаллаю ҳамдеҳаҳо, ҳамсояҳо сӯҳбатҳои сарироҳӣ ва тӯлонӣ ҳам дошта бошам. Дар ин мавридҳо, албатта, нафаре пайдо мешавад, ки хабареро  дар бораи воқеаҳои гуногун на аз манбаи расмӣ ва ё расонаҳо, балки аз даҳони касе шунидаасту бо рангу бори нав қисса мекунад.

Шахси ноогоҳ гумон мекунад, ки ин нафар гӯё худ шоҳиди ин ҳодисаю воқеаҳо бошад. Ҳастанд нафароне, ки ба ин ҳарзаҳо бовар ҳам мекунанд. Чунин бархӯрдҳои гуногун дар атрофи ҳодисае, ки дар дидбонгоҳи Ишқобод рӯй дод, низ ба мушоҳида мерасад. Ин аз шарҳу тафсири зидду нақизи ин ҳодиса аз ҷониби баъзе расонаҳои ғайридавлатӣ, сомонаҳои гуногуни интернетӣ сарчашма мегирад.

То ҷое огоҳӣ дорам, ба ҳамсӯҳбатон  сабабу омил ва воқеияти ин ҳодисаи хунинро мефаҳмонам. Мефаҳмонам, ки оқибати гароиш ба ғояю ақидаҳои ифротӣ, мағзшӯӣ, ҳамин аст, зан- модар, ки бахшандаи ҳаёт аст, даст ба куштор задааст. Ин амали нангинро ҳеҷ одами солимфикр қабул надорад.

Нафароне, ки ба ин амали нангин даст задаанд, аз осмон фуруд наомадаанд, балки дар байни ҷомеа будаанд, шиносу ошною дӯсту рафиқ доштаанд, бо нафароне дар дохили кишвар робита кардаанд.  Ин мавриди андешаи амиқ ва бознигарии корҳои тарғиботӣ, тарбияи эҳсоси втандӯстӣ, аз даст надодани  ҳушёрию зиракии сиёсӣ бояд бошад. Ва дар ин кор тарғиботчиёни ҳизби мо бояд дар сафи аввал бошанд.

Мулоҳизаи дигар. Гуфтем, иҷрокунандагони бевоситаи ин амали нангин бо мақсади нопок бо дастури ДОИШ ба хоки мамлакати мо пинҳонӣ ворид шудаанд. Вале нисбати онҳое, ки дар дохил ба ҷинояти онҳо мусоидат намуданд, чӣ метавон гуфт.  Чӣ мулоҳиза, чӣ андеша онҳоро ба ин ҷиноят тела додааст? Албатта, мақомоти марбута ба амали онҳо баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд, вале ин моро низ бояд бетараф нагузорад. Зеро мубориза бо душмани хонагӣ  кори саҳлу осон нест. Ақидаи ифротии онҳо дар зоҳирашон сабт нашудааст, балки мағзашон зери таъсири ин заҳрпечак зиёни ҷиддӣ дидааст ва ба ботлоқи  ҷаҳли мураккаб фурӯ рафтаанд.  Барои ин тоифа куштор як кори оддӣ аст. Онҳо ҳам мисли  маргталабоне ҳастанд, ки дар Афғонистону Сурия ва ё Ироқ худро дар байни издиҳом метарконанд ва боиси марги ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ мегарданд.    Ин тоифаро бояд шинохт ва мағзашонро аз ботлоқи ҷаҳолат раҳо бояд кард.

                                                                              Бурсибой Лутфуллоев,

                                                            мудири шӯъбаи тарғибот ва 

                                                       иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

                                                        дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>