Ба бадхоҳони бахти мо имкон намедиҳем, ки гулшани шукуфони саодати мардумро поймол созанд!

Logo_001

Тоҷикистон ватани биҳиштосою кишвари нодиртарин ба шумор меравад. Сарзамине, ки моломоли хушбахтиву фирӯзист, макони сулҳофару ваҳдатофар. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар чунин сарзамини обод кору фаъолият бурда истодаем.

Дар замони ҳозира алам бардоштану номбардор гардидан кори сода нест, зеро инсони комил ҳамеша дар ҷустуҷӯи кору фаъолияти неки бузургмардони диёри хеш мегардад. Инсони комил метавонад бо рафтору кирдори покаш дар дилу дидаи мардумаш чо гирад. Чун ба Истиқлолият расидем, ҳама хурсанд, шодиву хандаҳои модарон, гиряи беғаши кӯдакон ба кас зиндагии навро ато кард. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем ва нагузорем, ки рафтори нодурусти бархе аз ашхоси бадхоҳу бадкина ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Темури Варқӣ, гурӯҳҳои террористии ҲНИ (фаъолияташро дар Тожикистон манъ кардаанд) ва намояндагони ДИИШ зиндагии зебои моро олудаи гаму андуҳ созад ва намегузорем, ки ба  ҳаёти осоиштаи мо халал расонанд.

Мо, омӯзгорон дар ин самт кӯшиш мекунем, то насли ҷавон ватандӯст ба воя расаду ҳамеша ҳушёру зирак бошад. Ба бадхоҳони бахти мо имкон намедиҳем, ки гулшани шукуфони саодати мардумро поймол созанд!

 

Ҳайдарова Шоиста, узвви ҲХДТ,

омӯзгори МТМУ-и № 51

     ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>