“Нақши ВАО дар раванди демократикунонии ҷомеа”

IMG_20191128_112116

Ин мавзуъро Сурайё Ҳакимова, муовини сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳини мулоқот бо муҳассилини курси заҳираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом шарҳ дод.

Мулоқоти мазкур бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар доираи таҷлил аз 25 умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он аз мавқеи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ дар раванди ҷаҳонишавии муосир таъкид намуданд.

“Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси набзи ҷомеа мавқеи назаррас дошта, метавонад ба афкори мардум таъсири бузург  расонад. Рушди илму техника аҳамияти воситаҳои ахбори оммаро дучанд намуда, ҳамакнун иттилоот нисбат ба даҳсолаи гузашта аҳамияти бештар пайдо намудааст. Чуноне Натан Ротшилд мегӯяд, касе, ки дар даст иттилоъ дорад, ҷаҳонро идора мекунад”- таъкид намуд рӯзноманигор Сурайё Ҳакимова.

Ҳамзамон, перомуни нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди матбуоти замони истиқлол Бобоҷонзода Азимҷон Тоир, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ Мутрибахон Бобоҷонова суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунунии бадалшавии идеологияҳо зарур аст, ки фазои иттилооти кишвар бо иттилооти саҳеҳ бо назардошти манфиатҳои миллӣ пур карда шавад.

Чунин мулоқот бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва баланд бардоштани маърифати иттилоотии ҷавонон бо иқдоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>