Ислом ба зоти худ надорад айбе

Logo_001

Бале, ислом ба зоти худ дини поку беолоиш аст. Онро нерӯҳои иртиҷоие  чун ДОИШ,  ҲНИ, ҳаракатҳои тундгарои дигар, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон ва бисёр мамлакатҳо мамнӯъ эълон шудааст, бо истифода ба номи ислом бадном карданӣ мешаванд. Инро воқеаҳои хунине, ки дар мамолики Шарқи наздик солҳои охир бо дасиса ва иштироки ифрогароён сурат мегирад, собит месозанд.   Ин дасисабозон бар муқобили кӣ “ғазо” ё “ҷиҳод” эълон кардаанд, дар амалиётҳояшон киро ҳадаф қарор додаанд? Аз онҳо танҳо мусалмонон кушта мешаванд ва ё сар ба гурез мениҳанд!
Раванди дигаре, ки мухолифин бо он давлатҳои низомашон дунявӣ, аз ҷумла  Тоҷикистонро бадном карданӣ мешаванд, исломҳарос вонамуд кардани сиёсати  ин давлатҳост. Далели ин гуфтаҳо мақолаи ба ном олими “исломшинос” Саидюнуси Истаравшанӣ таҳти унвони  “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” аст, ки дар сомонаҳои мухолифин нашр шудааст.

Дар он бо такя ба як иқтибос аз суханони собиқ раиси Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродулло  Давлатов , ки воқеияти он шубҳаовар аст, хулоса шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон динситез аст, ба дини мубини ислом арҷ намегузорад, диндоронро зери фишор қарор додааст ва ба  ин монанд ҳарзаҳои дигар.

Ба ростӣ, ин даъвои бепояро нафаре  пеш мегузорад, ки аз воқеияти Тоҷикистон комилан огоҳӣ надорад, аз озодиҳое, ки ба диндорон  барои ба ҷо овардани заруриёти динӣ вогузор  шудааст, бехабар аст. Ӯ дарк кардан намехоҳад, ки дар Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои рӯ ба тамаддун ва дорои низоми демократӣ ҳама корҳо тибқи қонун роҳандозӣ мешавад, аз ҷумла озодиҳои динӣ низ. Бовар дорам, ки ӯ шояд огоҳ ҳам ҳаст, вале аз фарти бадбинӣ эътироф кардан намехоҳад.

Барои мисол танҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 8 масҷиди ҷомеъ ва 128 масҷиди панҷвақта ба ихтиёри  мусалмонон вогузор шудааст ва имом- хатибони онҳо ағлаб аз хатмкардагони мадориси динӣ ва донандагони хуби қавонини исломӣ баргузида шудаанд. Муҳимтар аз ин  мардум ба ҳарфи неки онҳо гӯш медиҳанд, ба онҳо эҳтиром мегузоранд.Ба назари муаллифи ин “мақола” онҳо набояд аз сиёсати давлат ҷонибдорӣ намоянд, иқдомоти неки Пешвои миллатро ҷонибдорӣ кунанд. Хушбахтона, ходимони дин дар Тоҷикистон қонунписанду ватандӯст ҳастанд ва мардумро ба роҳу кори нек ҳидоят мекунанд. Ин ба ҷаноби Истаравшанӣ писанд нест.

Зиёда аз ин, идҳои саиди Фитр ва Қурбон чун идҳои расмӣ бо рӯзи истироҳат таҷлил мешаванд ва ҳар сол ҳазорҳо нафар ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф мегарданд.

Воқеан, ӯ қабул дорад ё на, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусалмони барӯманди ҷаҳон шинохта шудаанд ва маҳз бо иқдоми Сарвари  давлати мо  бузургдошти Имом Абӯҳанифа дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки исломшиносони машҳури дар ҷаҳон эътирофшуда баргузор шуд. Рӯзҳои наздик бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ маҳз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, дари худро ба рӯи муслимин боз мекунад.

Ниҳоят, ин байти Мавлонои Балхиро барои андеша ба ҷаноби Саидюнуси Истаравшанӣ гӯшзад менамоям:

                     Кӯи навмедӣ марав, уммедҳост,

                      Сӯи торикӣ марав, хуршедҳост.

                                                                                                 

 Турдибой Солеҳзода,

роҳбари дафтари матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>