Ҳарфи бадро бар даҳон бурдан хатост….

Logo_001

Аслан таҳқир кардан ё дурӯғ гуфтану фитна ангехтан хислати инсони комил, бахусус шахси мусалмон нест. Мутаасифона, ин гуна аъмоли зишти инсонӣ аз ҷониби нафароне сар мезанад, ки фитрати инсонии худро гум кардаанду суханашон эътиборе надорад.

Хамин гуна нафари фурӯхташуда ва хоини миллат Саидюнуси Истаравшанӣ аст, ки  нақшаҳои разилонаи худ ва ҳаммаслаконашро бо ҳар роҳу усул ва минбарҳои гуногун амалӣ карданӣ мешавад. Мақолаи ғаразноки Саидюнуси Истаравшанӣ “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон афтода натиҷа медиҳад?”-ро ҳадсу фитнаи навбатии  ин гурӯҳи носипосон шуморида метавону халос.

Дар мақола иқтибос аз сӯҳбатҳои Муродулло Давлатов оварда шудааст, ки дар шоҳидии се нафар гуё баргузор гашта бошад. Яке аз онҳо Кабирист, ки дастурдеҳи асосии ин гурӯҳи хоинон маҳсуб меёбад. Пас чи гуна ин гуфтахо асос доранд?.

Аҷдоду гузаштагони мо тоҷикон новобаста аз давру замонҳои гуногун фаризаҳои дини  мубини исломро риоя ва иҷро намуда,  суннатҳои  инсонсози диниро бо мазҳаби ҳанафӣ ба наслҳои минбаъда расонидаанд.

Ҳатто дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, ки маҳдудиятҳо вуҷуд доштанд бобоёни мо  бо эътиқоди кавӣ  фароизи исломиро  ба ҷой меоварданд.  Пас чи гуна дар даврае, ки нури  истиқлол медурахшаду кишвар озоду мустақил аст исломҳаросӣ вуҷуд дошта бошад.

Воқеан ҳар сокинини худогоҳи ин кишвар аз исломгароёни ифротӣ, ки дини мубини исломро байрақ намуда, амалҳои зишти худро татбиқ карданианд дар хавф хастанд ва бар зидди  ин гуна ашхос дар муборизаи беамон қарор доранд.

С. Истарвшанӣ бо ин мақолаи худ ба ҷуз истифодаи идеологияи динӣ дигар мақсаде надорад. У огоҳ нест, ки имрӯз  ҳар сокини Тоҷикистон ба хусус ҷавонон дорои тафаккур, дониш ва хештаншиносанду  фирефтаи ҳар гуна суханони пуч намешаванд.

Магар Саидюнуси Истаравшанӣ нобиност, ки он пуштибонию арҷгузорие, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дини мубини ислом дар даврони Истиқлолият амалӣ гардидаанд, намедонад.

Ин ҷо метавон танҳо  як  чанд мисол овард.

Муаррифии чеҳраи шинохтаи олами ислом Абуханифа имоми Аъзам, ҳамасола ҷудо намудани зиёда аз панҷ ҳазор квота ба  маросими Ҳаҷ, чопи  силсилаи адабиёни исломӣ аз ҷумла Қуъони маҷид ба забони тоҷикӣ, рӯзи истироҳат эълон кардани Иди рамазон ва Иди Қурбон, таъсиси кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросим, дар қатори 500 нафар шахсиятҳои олами ислом шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  бунёди калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе  магар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи арҷгузорӣ  ба дини мубини падарони мо ислом нест. Ин ҷо хайру эҳсонкориҳо, дастгириҳои ниёзмандон, ки аз руйи фармудаҳои Қуръон амалӣ мешавад зикр карданӣ ҳастем. Ва ё охирин иқдоми ғамхорона- бахшидани гуноҳҳо озод намудани бист ҳазор маҳбус ар руйи аъмоли неки исломӣ нест?

Дар ҷавоб ифротгароёни “диншинос” ба мисли Кабирию  Саидюнус чи мерос монданд: ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хиёнат ба Ватан, хизмати хочагони душмани миллати тоҷик, фитнаю тафриқаангезӣ. Ин мақола низ найранги навбатии онҳост.

Имрӯз дар  масоҷиди  озоду ободи кишвар ҳазорон намозгузорон фароизи динии худро бо шукргузорӣ аз ин давлату миллат ба ҷой меоранд.

Имрӯз имомхатибони мо дорои саводи баланди динӣ буда, дар байни ҷомеа мартабаи арзишманд доранд. Ҳар як шаҳрванди кишвар бо дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафии хеш ифтихор мекунад.

Ҳарфи бадро бар даҳон бурдан хатост,

Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.

 

 

                                 Туйғун Шарифзода,

Раиси КИ ҲХДТ дар

                                 ноҳияи  Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>