Вокуниш ба изҳороти Сайидюнуси Истаравшанӣ “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода, натиҷа медиҳад?”

Logo_001

    Изҳороти Сайидюнуси Истаравшанӣ  бори дигар собит месозад, ки миёни он ба ном демократҳо, ки аз хориҷ истода ба мо дарси сиёсат меомӯзонанд, ягон нафар шахси аз нигоҳи сиёсӣ арзандаву лоиқ мавҷуд нест.

Зеро тавассути дурӯғу буҳтони навбатӣ ин хоинони миллат боз як кӯшиши дигаре баҳри сафед кардани марому мақсадҳои ғаризонаи ҳизби экстемистии худ (ҲНИ дар назар дошта мешавад), ҳамчунин, ҳадафи ниҳоии хеш — бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд.

Шояд эшон нафеҳманд ва ё нодида мегиранд, он вазъу ҳоли  давлатҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Афғонистонро дар ҷаҳони имрӯза.

Худ қазоват кунед, он тазоҳуроте, ки айни ҳол зидди сиёсати роҳбарияти Эрон аз ҷониби аксарияти мардум идома дорад ва ё он таҳримҳои бешумори давлатҳои Ғарб, бахусус ИМА нисбати ин ҷумҳурии исломӣ.

Ва ё вазъияти имрӯзаи Афғонистон ба онҳо дарс нест, интихоботи президентӣ, ки кайҳо дар ин давлати исломӣ баргузор шудааст, то ҳол наметавонанд хулосаи онро эълон намоянд.

Чаро? Сабаб чист? Ба гумони мо шарҳи ҷавоби ин ҳолат ба ҳамагон маълум аст. Мансабталошӣ, ҷудоиандозӣ, нооромӣ, ҷанг, ҳаракати Толибон, ДИИШ ва ғайраву ҳоказо…

Ҳамзамон, дар ин хусус, мо бояд мусибатҳои Сурияву Ироқро ҳаргиз фаромӯш насозем.

Бо лофу газофу саропо дурӯғ муаллиф мехоҳад, моро гумроҳ созад. Тавассути овардани мисолҳои беасос аз сиёсати собиқ СССР, Туркия ва Чин нисбат ба дин кӯшиш мекунад, ки мардуми мо ва хусусан, намояндагони дини кишварро раҳгум занад.

Вале мо медонем, шоҳид будем ва бо чашми сар дидаем, ки маҳз, тавассути сиёсатҳои дурандешона ва эҳтиёткорона нисбат ба дин шӯҳрати собиқ давлати  Шӯравӣ дар ҷаҳон бемисл буд.

Ва ё имрӯз Туркияву Хитой аз нигоҳи иқтисодӣ миёни давлатҳои абарқудрати дунё мавқеи мустаҳкам доранд.

Сабаб чист?  Сабаб, онҳо бунёди давлати дунявиро дар муросову мадоро ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамоҳангсозӣ, аз ҷумла  бо аҳли дини кишварҳои хеш  пеша кардаанд.

Натиҷа сулҳу оромӣ, рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи ин миллату кишварҳо ва бомурур забти ҳама бозорҳои ҷаҳон ва таъмини он бо молу ашёи туркиву чинӣ.

Равшан аст, ки суботу амният ҳамеша заминаи асосии ҳама гуна пешравиҳо буд ва мемонад.

Сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дини мубини ислом хеле дурандешона буда, гуфтан мумкин аст, ки яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказист.

Ба тариқи овардани  далелҳои мушаххас ва воқеъӣ мехоҳам, мардум ва хусусан, аҳли динро аз андешаву хулосаҳои  ғалат пешгирӣ созам.

Таваҷҷӯҳ намоед, имрӯз ба тариқи расмӣ эълон гардидааст, ки дар ҷумҳурии +збекистони ҳамсоя барои зиёда 30 милён аҳолӣ зиёда аз 2 ҳазор адад масчид, дар Қазоқистон барои 17 милён аҳолӣ наздик  2 ҳазору 400 адад, дар Қирғисистон барои наздик 6 милён аҳолӣ зиёда аз  2 ҳазор адад, дар Туркманистон барои зиёда аз 5 милён аҳолӣ — 400 адад масчид фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистони мо бошад, барои ҳамагӣ 9 милён аҳолӣ 4 ҳазор адад масочид амал мекунад ва ин нишондиҳанда бори дигар исбот менамояд, ки барои мардуми кишварамон фазои мусоиди динӣ ҳамаҷониба  фароҳам оварда шудааст.

Ниҳоят ба ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ таъкид карданиам, ки  мо, сокинони кишвар ба ин гуна суханони пучи ин турфа хоинони миллат, ки  аз хориҷа истода ноҷавонмардона сангпартоӣ доранд, фирефта нахоҳем шуд.

Зеро имрӯз хушбахтона, солҳои 90-уми асри гузашта нест, мардуми Тоҷикистон ҳушёр аст ва  дар атрофи Пешвои худ, фарзанди фарзонаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар бунёди давлати дунявӣ устувор аст.

Мо мутмаинем, ки мӯҳтоҷи маслиҳату машваратҳои нохалафоне чун Сайидюнуси Истаравшанӣ нестем ва гумон мекунам, ки  дурӯғу бӯҳтон низ андоза дорад ва вақте фаро расида, ки  лаб фурӯ бандед, беҳтару хубтар аст. Зеро аз дасти шумоён ва тамоми ҳаммаслаконатон ҷузъ қатлу куштор ва ғасбу террор дигар  чизи дигаре намеояд.

 

 

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир,

 Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>