«Садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан»

20191129_113307(0)-(1)

Перомуни ин мавзуъ бахшида ба 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни толибилмони муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Айнӣ озмуни иншои беҳтарин гузаронида шуд.

Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани саводи хонандагон ва арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешуд.

Абдуғанӣ Қобилзода, раиси кумиҷроияи ноҳия перомуни хидматҳои фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва фазои ороми кишвар сухан карда, таъкид дошт, ки дастовардҳои Тоҷикистон аз заҳмату меҳнат ва такопӯиҳои роҳбарияти олии давлат маншаъ мегирад.

Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>