Панҷакент: роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд

1

20 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Панҷакент ба семинари омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин бора масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни семинари омӯзишӣ Бурсибой Лутфуллоев, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти кумиҷроия оид ба роҳҳои муосири корҳои тарғиботӣ ва Ҳамида Холова, раиси Шӯрои собиқадорон перомуни дуруст ба роҳ мондани корбарӣ дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб сухан карданд.

Бино ба маълумоти масъулин ба ин семинар тамоми роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ фаро гирифта мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>