Хуҷанд: ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфт

изображение_viber_2019-11-30_09-44-44

Бо дастгирии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар коргоҳи ҶДММ корхонаи фаръии «Фортуна и КО Арча» ташкилоти нави ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Абдумавлон Азимов, раиси комиссияи тафтишотии кумиҷрояи шаҳр таъкид намуд, ки таъсис ёфтани боз як ташкилоти ибтидоии нав дар арафаи таҷлил аз 25 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рамзи нек буда, барои боз ҳам хубтар фаъолият намудани коргоҳ, тавсеаи донишҳои сиёсии кормандон мусоидат хоҳад кард.

Нарзулло Дадобоев, муовини директори генералии коргоҳи мазкур аз нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа ҳарф зада, баён дошт, ки Оиннома ва Барномаи ҲХДТ бо ҳадафҳои стратегии кишвар тавъам мебошад.

Ҳамзамон, ҳайати нави роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии коргоҳро ба зиммаи Хуршед Ғафуров вогузор намуданд. Бо овоздиҳии аксарият муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Нарзулло Дадобоев ва котиби ташкилоти ибтидоӣ Манзура Муродӣ интихоб шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>