Ҳизби пешбару раҳнамо

БГ

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи ноҳиявии №2, ки дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни ин чорабинӣ, ки ба муносибати 25–умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуд, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур, сардухтури Беморхонаи ноҳиявии №2 Иномҷон Баротов аз таърих, нақшу мақоми ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар сухан карданд.

Намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Сухани халқ” Бобоҷон Қурбонов гуфт, ки ҲХДТ дар шароити ҳассоси таърихи давлатдории навини кишвар ба майдони сиёсат ворид шуда, ҳадафи аслии он пеш аз ҳама, дастёбӣ ба сулҳу субот, муттаҳид намудани мардум буд. Зеро он рӯзҳо ҷомеа ниёз ба чунин як нерӯе дошт, ки рисолатеро чун пешбару такягоҳи халқ дошта бошад.

Амирҷон Анварзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни суханронӣ таъкид кард, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳизби мардумӣ, созанда, пешбаранда унвон мекунанд, ки натиҷаи фаъолияти назаррасу серпаҳлӯи он мебошад.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ёва ин ҳизби мардумӣ 1620 нафар аъзоро муттаҳид карда, онҳо аз пешсафони ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар амалигардонии барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ нақши бориз доранд, – гуфт  Раъно Холматова, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёва.

Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ фаъолони ҳизбӣ бо сипосномаҳои кумиҷроияи ноҳия, ташкилоти ибтидоӣ ва ҷамоати деҳот қадр гардида, ба аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супурда шуд.

Бино ба гуфтаи муовини раиси ТИ ҲХДТ дар Беморхонаи ноҳиявии №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гулбаҳор Исмоилова ташкилоти мазкур 186 нафар аъзоро муттаҳид карда, онҳо дар татбиқи ҳадафу ғояҳои ҳизбӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Пас аз маҷлиси тантанавӣ намояндагони кумиҷроияи ҳизбӣ аёдати ду нафар собиқадорон аз ташкилоти ибтидоӣ – Маҳбуба Сангинова ва Марҳамат Сайфиддиноваро ба ҷо оварда, онҳоро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>