Ифротгароӣ – таҳдид ба суботи ҷомеа

1

Ин мавзӯъ дар мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо фаъолони ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мурод Шукурзода дар бораи усулҳои мубориза бо ифротгароӣ сӯҳбат намуда, омилҳои гумроҳ шудани иддае аз ҷавононро шарҳ дод.

Раиси кумиҷроия таъкид намуд, ки сабаби асосии ифротишавии бархе аз ҷавонон паст будани маърифат ва сатҳи маълумотнокӣ аз авзои ҷаҳон аст. Аз ин лиҳоз, дар шароити бадалшавии идеологияҳо зарур аст, ки дар самти боло бурдани саводи сиёсии шаҳрвандон фаъолият тақвият дода шавад.

“Ифротгароӣ таҳдид ба суботи ҷомеа буда, пешгирӣ бо ин зуҳурот дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад” – гуфт Мурод Шукурзода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>