Хушунатро решакан бояд намуд!

IMG-28

Ин навбат роҳҳои пешгирӣ аз зуҳуроти хушунатро намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо сокинони ҷамоати деҳоти Чилгазӣ баррасӣ намуданд.

Гулафзо Ҷӯраева, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил тадбирҳои судбахш амалӣ мекунад.

Ҳамзамон, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила” ба занон фаҳмонида шуд.

Таъкид гардид, ки инсон ва озодиҳои ӯ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шуда, ҳама гуна хушунат мувофиқи қонун манъ аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>