ҲҲДТ – ҳизби пешбаранда

Logo_001

Бахшида ба 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Истиқлол”-и шаҳраки Ғафуров чорабинӣ баргузор гардид.

Солиева Муяссара, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  иштирокчиёнро ба муносибати рӯзи таъсисёбиии ҲХДТ табрик намуда, аз нақшу мақоми ин нерӯи сиёсӣ дар рушди кишвар сухан кард. Мавсуф зикр намуд, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешбаранда 25 сол инҷониб таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият дорад. Бешубҳа, дастовардҳои бузурги кишвар ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ бо номи ин қувваи тавонои сиёсӣ иртиботи ногусастанӣ дорад.

Ҳамзамон, барномаи адабӣ – фарҳангӣ манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>