Занон терроризму экстремизмро маҳкум мекунанд

Logo_001

Шукрона аз истиқлолияти бадастоварда ва сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз бонувони тоҷик имкон доранд дар ҷараёни баррасӣ ва қабули масоили муҳими идораи давлатӣ ширкат намоянд. Дар ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои занон дар ҳама бахшҳои ҳаётан муҳим шароити ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст.

Давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар ногузир медонад.

Аммо афсӯс дар ҷомеа занҳое ҳастанд, ки ба қадри ин дастгириҳо ва сулҳу оромӣ нарасида, гурӯҳҳои ифротгаро пайравӣ мекунанд. Худ агар террорист бошанд, пас онҳо чӣ гуна фарзандонро тарбия мекунанд. Мо бояд ҳама дар таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар фаъол бошем. Дар баробари ниҳоду сохторҳои масъули давлатӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо истифода аз ақли солим дар мубориза бар ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Бояд ҳар як зани баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зи