Ҳадяҳои маънавӣ ба истиқболи 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Без имени-1

Дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон се маҷмӯа ба табъ расиданд.

Китобҳои мазкур бозгӯи дастовард ва таърихи ин ҳизби сиёсӣ буда, дар онҳо мақому манзалати ин нерӯи сиёсӣ дар рушди ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ сухан меравад.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” – ин китоб мақолаҳои илмӣ ва публисистии иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявиро, ки таҳти ҳамин унвон бо ибтикори кумиҷроияи вилоятии ҳизб доир гардида буд, фаро гирифтааст.

Муаллифони мақолаҳои маҷмӯа дар бораи нақши созанда ва бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи санадҳои таърихӣ, назар ва андешаҳои мушаххаси илмии худро баён кардаанд. Мураттибони китоб Саидумрон Саидов ва Субҳони Аъзамзод мебошанд.

“Армуғони Сухани халқ” – таҳти ин унвон ҷилди дувуми маҷмӯаи мақолаҳои нашрияи “Сухани халқ” ба табъ расид. Ин маҷмӯа беҳтарин мақолаҳои ҳайати эҷодӣ, масъулини ҳизбӣ, олимон ва коршиносону таҳлилгаронро, ки давоми солҳои 2018–2019  дар нашрияи мазкур дарҷ гардидаанд, фаро гирифтааст.

Китоби мазкур таҳти назари Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода таҳия гардида, муҳаррири он Бобоҷон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” мебошад.

Соли 2018 китоби нахустини “Армуғони “Сухани халқ” чоп гардида, нашри китоби дуюм идомаи ҳамон ташаббуси неки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Ҳамин гуна ташаббуси нек аз ҷониби ҳайати эҷодии нашрияи “Нигоҳи халқ” – нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастоҳ низ амалӣ гардид.

“Маҳбуби Ватан» маҷмўи мақолаҳои илмӣ ва публисистие мебошад, ки бо дастгирию сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба нашр расидааст. Мураттиби китоб сардабири рӯзномаи “Нигоҳи халқ” Муродулло Почозода мебошад.
Дар ин маҷмӯа 30 мақолаи илмӣ ва публисистии олимон, сиёсатмадорон, вакилони халқ, ходимони давлатию ҳизбӣ, муҳаққиқони ҷавон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҷо дода шудаанд.
Китобҳои тозанашр тӯҳфаи арзандае ба муносибати 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25–умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ арзёбӣ мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>