Қувваи тавонои пешбар

0-02-05-ddf8d27b76ca69989515be769b96f44a1492c53a4a74beceb2db69f156a1dc1c_full

Бо садо додани суруди миллӣ ба таври зинда чорабинии тантанавии шаҳри Конибодом бахшида ба 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Азимҷон Бобоҷонзода иштирокчиёнро ба муносибати ин воқеаи фараҳбахш табрик намуд. Номбурда таъкид дошт, ки рӯз аз рӯз афзудани сафи аъзои ҳизб далел аз эътимоди халқ ба ин нерӯи сиёсӣ мебошад.

Перомуни нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода сухан гуфт.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сарварии онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда доранд, ҳизби созандаву нерӯманд ва дорои иқтидори тавоност. Ин қувваи тавонои пешбар, ки қариб ним миллион аъзо дорад, дар пешрафти кишвар саҳми муассир мегузорад”.

Номаи табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзодаро намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ Фаррух Зоҳидов ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонд.

Ҳамзамон, перомуни 25 соли пуршарафи ҳизб филми мустанад ба намоиш гузошта шуд.

Як қатор фаъолон бо медаи ҷашнии ҲХДТ ва ба донишҷӯёни болаёқат идрорпулии КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом суприда шуд.

Аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>