Зиракии сиёсӣ

1

Мурод Шукурзода, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Панҷакент дар толори МТМУ №33-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ вохӯрӣ намуд. Мулоқоти мазкур наздик 500 нафар намояндагони касбу кори гуногуни ҷомеаро фаро гирифта, мақсад аз он баланд бардоштани маърифати сокинон маҳсуб мешуд.

Раиси кумиҷрояи шаҳр перомуни масъалаҳои умдаи ҷомеа ибрози назар намуда, аз паст будани маърифати сиёсии иддае аз шаҳрвандон нигаронӣ намуд.

Мурод Шуурзода таъкид дошт, ки омили асосии гумроҳшавии сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳз паст будани зиракии сиёсӣ буда, надонистани фарҳанги истифода аз воситаҳои иртиботӣ боис шуда истодааст, ки бархе аз ҷавонон низ ба сзмонҳои террористиву экстремистӣ шомил шаванд.

“Мубориза бо зуҳуроти номатлуб аз мо дастҷамъӣ тақозо дорад, танҳо дар ҳамдастӣ мо метавон ҷиҳати пешгирӣ аз пайомадҳои хатарноки таҳдидҳои муосири раванди ҷаҳонишавӣ эмин бошем” – зикр шуд дар мулоқот

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>