Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

IMG_3613

Кулли ҳамватанон, аъзо ва ҷонибдоронро ба муносибати 25-cолагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуманди онем, ки нусрату дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бардавом, сулҳу суботи он пойдор ва халқи шарифи диёр ҳамеша комгору сарфароз бошанд.

Солгарди 25-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар воқеаи фараҳбахшу пурнишот маҳсуб мешавад, зеро ин нерўи сиёсӣ дар назди халқу Ватан вазифаи муҳими таърихиро ба ҷо оварда, дар роҳи расидан ба ваҳдату суботи сиёсӣ хидмати мондагор анҷом дод.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ғояи ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, воқеан, тавонист дар давраи ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон рисолати волои худро ба сомон расонад. Ба гуфтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизби сиёсӣ аз иҷрои вазифаи таърихӣ сарбаландона баромада, ҳоло маҳз ба шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст, раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад.

Яке аз омилҳои асосии муваффақият дар он аст, ки барномаи ин ҳизби сиёсӣ бо барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг аст. Барномаи ҳизб, ки таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” амал мекунад, тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро дарбар мегирад. Иҷрои муваффақонаи барномаву ҳадафҳо ва густариши рўзафзуни фаъолият аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз маҳбубияти беканори мардум бархурдор гардида, халқ онро ҳизби мардумиву пешбар унвон кардааст.

Махсус бояд таъкид кард, ки дастоварду комёбиҳои ҳизб, пеш аз ҳама, бо фаъолияти созандаи Раиси муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дорад. Барномаву ҳадафҳои ҳизб аз ғояҳои дурбинона ва дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат маншаъ гирифта, самараи нек ба бор оварданд.

Имрӯз ҳизб дар саросари кишвар наздик ним милион нафар аъзоро муттаҳид карда, бешубҳа, сафи ҷонибдорони мо афзунтар аз ин шумора аст. Дар вилояти Суғд низ ин ҳизби мардумӣ зиёда аз 145000 нафар аъзо дорад, ки нерўи бузургро монда, дар татбиқи босамари ҳадафу ғояҳои ҳизбӣ саҳми шоиста доранд. Дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои ҳизб аз ҷониби кулли мардум бозгўи он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эътимоди комили халқро сазовор шуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Хеле рамзист, 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рўзҳое таҷлил мешавад, ки мардуми шарифи кишвар ба ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати софдилонаву дастовардҳои беназир омодагӣ мегиранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш ҳифзу таҳкими Истиқлолиятро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор дода ва минбаъд низ бо тарғиби ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷикон дар пойдории ин арзиши олии зиндагӣ саҳмгузор мегардад.

Дар рўзҳои таҷлил аз солгарди таъсисёбии ҳизб Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он барномаву нақшаҳои минбаъда муайян ва мушаххас хоҳанд гардид. Итминон дорем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаҳои оянда низ бо фаъолияти густурда дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро мегузорад. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо комёбиву бурдбориҳо хоҳонем.

Бори дигар 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бод!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>