Эхёи хунархои миллӣ

Конибодом. Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шӯҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, бофандагиву дузандаги, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки бевосита барои пешравии зиндагиашон мусоидат менамуд. Бо дастгирии раёсати агентии шугли ахоли ва шуъбаи кор бо занони КИ ХХДТ дар шахри Конибодом аз хисоби занону духтарони хонашини шахраки  20, 16, Вахдат, Навобод, Чамоати дехоти ба номи Р. Хамробоев  мохи ноябри соли чори дар шахраки 20уми шахри Конибодом макони омузиши адрасбофи таъсис дода шуд.Тахти устои адрасбоф Исокова Ойхон  ва дастгирии бевоситаи раисони кумитаи махалла фаъолият мебарад. Нишонова Гулбахор, Ёкубова Хосиятхон,Абдурашидова Дилором, Хасанова Мохирахон алакай ин касбро аз худ намуда, пешкадамони ин макони касбомузи гардидаанд. Касбомузон хар мох 40 сомони идрорпули гирифта касбро меомузанд ва дар давраи омузиш онхо барои тачрибаомузи бо дигар адрасбофони шахру нохияхо шинос шуда бо таассуроти калон бармегарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>