Ҳизби пешбар

IMG_9537

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен аз 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҷлил намуданд. Дар намоишгоҳи Қасри фарҳанг намунаҳои маҳсули эҷоди ҳизбиёни ҳунарманди ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ойбек Насруллозода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ҳозиринро ба муносибати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик кард. Номбурда таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбар ва нерӯи тавонои сиёсӣ дар рушди кишвар саҳми муассир дошта, дастовардҳои бузурги замони истиқлол бо номи ин ҳизби мардумӣ робитаи зич дорад.

Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода ва муовини раиси кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дар бораи нақши ҲХДТ дар пешрафти ҷомеаи муосир суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи замони истиқлол буда, 25 сол инҷониб барои пешрафти Тоҷикистон кӯшиш дорад.

Ба  даҳ нафар ҷавонони фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва як қатор фаъолон сипосномаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>