Хуҷанд: аз 25- умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ мутантан ҷашн гирифтанд

FB_IMG_15758144987905856

Ба муносибати 25 — умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирокчиёнро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 25 умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуфта, аз нақшу саҳми аъзову ҷонибдорони ин нерӯи сиёсӣ дар татбиқи ҳадафҳои ҳизб ва рушди ҷомеаи муосир хотиррасон гардид.

Раиси кумиҷроияи вилоятӣ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои мардуми шарифи кишвар созмон ёфта, 25 сол аст, ки барои манфиати халқ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон фаъолият мебарад.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият намуда, ғояву ҳадафҳои барномавиаш барои некӯаҳволии халқ нигаронида шудааст. ҲХДТ то имрӯз имтиҳонҳои ҷиддиро паси сар намуда, ҳизби халқ будани худро борҳо исбот ва ба эътимоди мардум сазовор шудааст. Ин аст, ки имрӯз мардум аз ҳизби мо ҳамчун нерӯи тавонои сиёсӣ, қувваи пешбарандаи ҷомеа, иқтидории воқеии рушди кишвар, ҳизби мардумӣ ва ҳизби созанда ном мегиранд” — гуфт Матлубахон Амонзода.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки яке аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб меёбад, ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёт, эҳсоси худшиносии миллӣ, нақши бонувону ҷавонон дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим таъкид намуд.

“Тадбирҳои созандаи кумиҷроияи шаҳрӣ ҷиҳати боло бурдани нуфузи шаҳри Хуҷанд дар миқёси мамлакат саҳми муассир дорад. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъол аст. Махсусан, аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону нафарони бепарастор дар меҳвари фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба аъзоёни ҲХДТ такя мекунад, зеро имрӯз 698 нафар аъзоёни ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 74 нафарро докторону профессорон, 624 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд” — таъкид дошт Маъруф Муҳаммадзода.

Ҳамзамон, Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба қабул шудани қарори дахлдор вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ хушхабар расонид, ки аз ҷониби аъзову ҷонибдорони ҳизб ва ҳозирини толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифта шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисомӣ Мунаввар ҷиҳати дастгирӣ ва мусоидат намудан дар татбиқи ташаббусу иқдоми ҳизбиёни шаҳр ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Матлубахон Амонзода миннатдорӣ баён намуд.

Ба 10 нафар аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва як қатор фаъолону шаъсони барӯманди шаҳр Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳи бештар эҳдо намуд.

“Сухани халқ”DSC_0151 FB_IMG_15758144987905856 FB_IMG_15758145191772665 FB_IMG_15758145453621236

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>