ҲХДТ: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

IMG_0292

Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои кулли аъзои ин нерӯи бузурги сиёсӣ воқеаи хотирмону пурнишот буд.

Масъалаҳое, ки зимни анҷуман баррасӣ шуданд, махсусан барои кормандону масъулини ҳизб ҷиҳати пешбурди фаъолият дастури созанда ба ҳисоб мераванд.

Дар Анҷуман фаъолияти панҷсолаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон нақшаву ҳадафҳои ояндаи ҳизб муайян гардиданд.

Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои даври нави солҳои 2020–2025 қабул гардид, ҳадафҳои бузурги ояндаи ҳизбиёнро дар худ таҷассум намуда, таъмини пешрафти кишвар ва зиндагии шоистаи мардумро ҳадаф қарор додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсафонро ба он ҳидоят карданд, ки фаъолияти ҳизбро густариш бахшанд. Ҳарчӣ бештар мулоқоту сӯҳбатҳои рӯбарӯ бо мардум гузаронда, ҳамчунин, расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон бояд дар маҳаки фаъолияти ҳизбиён қарор гирад.

Нақши аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва арзишҳои миллии ниёгон назаррас аст. Раиси муаззами ҳизб тақозои онро доштанд, ки ин масоил бояд дар маҳаки фаъолият қарор бигирад. Мубориза бо зуҳуроти номатлуби замон, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ки ба пойдории арзишҳои дар боло зикршуда халал ворид мекунанд, ҷоннок карда шавад.

Раиси муаззами ҳизб бо зикри омодагии комил ба маъракаи интихобот, ки соли оянда баргузор мегардад, ба пешбарии номзадҳои арзанда, хусусан, аз ҳисоби ҷавонону бонувон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ин дастури муфиду дурбинона зимни Анҷуман низ ифодаи худро ёфт. Аз 28 нафаре, ки аз аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҲХДТ номзадияшон ба Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардид, 14 нафар бонувон ва аксарият ҷавонони соҳибтаҷрибаву кордону ватандӯст ба шумор мераванд.

Шаффоф ва ба таври демократӣ доир намудани интихоботи соли оянда аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид. Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар марҳилаи сарнавиштсоз ба фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ вусъат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаву ҳадафҳои ҳизб кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.

Қайд кардан лозим аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити бисёр ҳассоси таърихӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, фаъолияти босамари чаҳорякасрааш аз бо идеяҳои созандаи садри он шакл мегирад. Бо роҳбарии Пешвои миллат ҲХДТ имрӯз нерӯи тавонои сиёсии кишвар ҳудуди 490 ҳазор аъзоро фаро гирифтааст.

Раиси муаззами ҳизб дар Анҷумани XIII ҲХДТ бори дигар таъкид намуданд, ки мақсади аслии таъсиси ҳизб, ки дар он нерӯҳои ақлонии кишвар ба ҳам омадаанд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани масоили сиёсӣ буд ва ин қувваи пешбари ҷомеа тавонист  ҷиҳати суботи сиёсии ҷомеа нақши муассир гузорад. Итминони комил дорем, ки ин рисолати бузургро ҲХДТ бо аъзову ҷонибдорони сершумораш минбаъд низ сарбаландонаву садоқатмандона ба ҷо меорад. Ва он дастуру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб пешниҳод шуданд, бомаром татбиқ гардида, ба мақсади ягонаи худ – таъмини зиндагии шоиста ва пешрафти рӯзафзуни ҳамаҷонибаи диёр ноил мешавем.

Боиси сарфарозист, ки дар Анҷуман аъзои Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ интихоб шудам ва ин эътимод масъулияти маро ҷиҳати ба амал татбиқ намудани ғоя ва ҳадафҳои ҳизб дучанд  намуд.

Муслимахон ҶАМОЛИЁН,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>