ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДАВУ РАҲНАМО

Туйгун

Дар арафаи таҷлили 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардидани Анҷумани 13-уми ҲХДТ  ба тантанаи бошукӯҳ мубаддал гардида, ин ҳамоиши бузург бори дигар мақом ва эътибори шоистаи ҳизби моро дар байни ҷомеа боло бурд.

Вакилони Анҷуман аз тамоми минтақаҳои кишвар оғӯши муҳаббату самимият боз намуда, ҳамдигаррро ба ҷашни бошукӯҳи ҳизбӣ шодбош мегуфтанд. Намоиши дастовардҳои ҳизбиён Анҷуманро шукӯҳи дигар бахшид.

Ҳизб! Пешво! Тоҷикистон! Бо чунин хитобаҳои рӯҳнавоз  Анҷуман оғоз гардид.

Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кори Анҷуманро  оғоз намуданд.

Анҷумани 13 уми ҲХДТ тибқи муқаррарот идома ёфта, ҳисоботи Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муаррифии дастовардҳо давоми 5 соли охир шунида шуд.

Вакилони Анҷуман бори дигар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин ҳизби мардумӣ ба номи ин абармарди сарсупурдаи миллат тавъам мебошад, ба садорати ҲХДТ интихоб намуда, шахсиятҳои сиёсатмадори кишвар Абдуҷаббор Азизӣ, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзодаро ба сифати муовини  якум ва муовини Раиси ҲХДТ интихоб намуданд.

Баробари баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда, ҳамчунин дар Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд.

Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими Анҷуман маҳсуб ёфта, 28 нафар фаъолони ҳизб ба номзадии вакилӣ пешниҳод шуданд.

Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи таъсиси ҲХДТ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҲХДТ дар эъмори давлати навини Тоҷикистон ҳамрадиф бо Истиқлолияти кишвар дар давоми 25 соли фаъолият нақши арзандаро бозида, эътибори шоистаи он давра ба давра дар байни ҷомеа боло меравад. Зикр гардид, ки ҳар узви ҳизб бо ифтихор ва масъулияти баланд бояд дар татбиқи барномаи навини ҲХДТ хешро муваззаф шуморида, аъзои сазовори ин ҳизби воқеан мардумӣ бошад.

Вакилон аз дастуру раҳнамоиҳои Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, тасмими гирифта шуд, ки дар роҳи хизмат ба Тоҷикистони маҳбуб ва иҷрои Барномаи ҲХДТ бо масъулият дучанд хизмат хоҳанд кард.

Мавриди зикр аст, ки Анҷумани навбатии ҲХДТ бо натиҷаҳои хотирмон ва таасуроти рангин ҷамъбаст гардид. Ин аз руҳияи  вакилони Анҷуман аён буд. Зеро эҳсос карда мешуд, ки ҲХДТ ҳамчун ташкилоти сиёсӣ  нуфузи барҷастаи хешро пайдо намуда, дар татбиқи сиёсати ояндасози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди  боэътимод хоҳад буд.

Туйғун Шарифзода,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

                                                                           дар ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>