ҲХДТ: БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

маликисмломов

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи фардосоз дар ҷомеаи навини кишвар нақш ва мақоми хосса дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд, омили маҳбубият пайдо кардани ҳизб дар он аст, ки ҳадафҳои оинномавию барномавиаш барои беҳдошти мафкураи сиёсӣ нигаронида шуда, аз умқи дили аҳли ҷомеа огоҳ аст. Имрӯз теъдоди аъзои ҳизб ба сарҳади 500 ҳазор расида, хушбахтона, дар сафҳои он олимон, зиёиён ва шахсиятҳои варзидаро, ки тӯдакаши  ҷамъият мебошанд, хеле зиёданд. Шукуҳ ва шаҳомати ҳизб ва мухаббату ихлос ба он зимни баргузории Анҷумани Х111 ҲХДТ, ки дар доираи таҷлили таъсисёбии 25 – солагии ҳизб доир гардид, бори дигар равшан эҳсос гардид.

Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи тарҳрезинамудаи ҳизбро дар давоми 2015-2020 ба риштаи таҳлил кашида, зикр доштанд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар нақши фаъолон ва алоқамандони ҳизб низ хеле бузург аст. Махсусан, мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», зина ба зина беҳтар шудани вазъи иҷтимоии сокинон, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ барои обрӯ ва нуфузи ҳизб таккони ҷиддие бахшид. Зеро аксари фаъолони ҷомеаро маҳз аъзоёни ин ҳизб ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат бо хушнудӣ зикр доштанд, ки робитаи ҳизб бо аҳли ҷомеа сол то сол қавитар шуда, дар заминаи ин тадбирҳо вусъат ёфтани ҷараёни қабули аъзо, таъсиси ташкилотҳои нави ҳизбӣ барои боз ҳам хубтар шудани кори ҳизб дар ҷойҳо мусоидат мекунад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки бояд ҳизбиён дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ фаъол бошанд ва барои решакан кардани маҳалгароӣ кӯшиш варзанд, бо қувваю ҷараёнҳои тундрав муборизаи беамон баранд.

Роҳбари ҳизб аз вакилони Анҷуман даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ бунёдкорию созандагиро маҳаки кори худ қарор дода, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ба арзишҳои умумибашарӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонад.

Аз он сарфарозем, ки бо овоздиҳии ҳамаи вакилон садри ҳизбро дар панҷсоли оянда роҳбари хирадпешаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтанд. Ин масъулият ва салоҳияти моро дучанд намуд. Бо назардошти муҳимияти маъракаҳои сиёсӣ ба маснади муовинони Раиси ҳизб шахсиятҳои донишманду варзида Абдуҷаббор Азизӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Асрор Латифзода интихоб шуданд.

Мо фаъолони ҳизбро мебояд, ки барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, пиёда намудани талаботҳои Оинномавию барномавии ҳизб минбаъд низ саҳми босазои худро гузорем.

Маликисломӣ Наим Мунаввар,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>