НЕРӮЕ, КИ БА ЭЪТИРОФИ УМУМ ШАРАФЁБ ШУДААСТ

Мадаминова

Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола роҳи рушди устуворро тай менамояд, ки умуман расидан ба зиндагии шоиста дар назар дошта шудааст.

Барои ман ҳамчун собиқадори ҲХДТ боиси ифтихор ва сарфарозӣ буд, ки дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хамчун вакил аз ноҳияи Ашт, ки бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намоям.

Дар баромади пурмуҳтавои Раиси муаззами ҲҲДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии худ дар панҷ соли охир ҷиҳати ноил шудан ба афзалиятҳои дар стратегияву барномаҳои давлатӣ пешбинишуда қадамҳои устувору созанда гузошт, ки дар ин пешравиҳо саҳми ҳизбиён низ назаррас мебошад.

Дар маърӯзаи ҳисоботи доир ба рӯйдодҳои дорои аҳамияти байнамилалӣ – ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки бо ҳамрадифи 177 мамлакати узви СММ пешниҳодшуда якдилона қабул гардид ва 22 марти соли 2018 расман оғоз гардид, рӯйдоди дигари таърихию нодир барои ҳамаи тоҷикону точикистониён, ки онро солҳо боз миллати тоҷик орзу мекард, ба истифода додани нахустчарха ва чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ин рӯйдоди арзишманд созандагиву бунёдкории халҷи Тоҷикистонро бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар тамоми олам маълуму машҳур карданд. Дастоварди дигар барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он орзуи деринтизори ду миллати ба ҳам дӯсту ҳамсоя мебошад, ки дар муносибатҳои байнидавлатӣ саҳифаҳои нави таърихӣ дониста шуданд.

Тӯли кӯтоҳи 25-солаи худ ҲҲДТ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта, мардумро дар равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегии оқилона роҳнамоӣ намояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти ба душ доштаашро дар назди халқу Ватан бо сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда, заминаҳои густариши демократия ва гуногунандеширо дар ҷомеа мустаҳкам намуда, чун ҳизби созанда ба эътирофи умум шарафёб шудааст.

Дар ҳисоботи Анчуман оид ба фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоҳои ҳизбӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти кори ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзоёни ҳизб, сифати қабул ба сафи ҳизб, ҷалби сокинони кишвар ба корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳо пешниҳод гардида, умуман самтҳои фаъолияти минбаъдаи ҳизб муайян гардиданд.

Бо бовари комил арзёбӣ кардан ҷоиз аст, ки минбаъд низ ҳамаи сохторҳои ҲҲДТ дар маҳалҳо, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа бо нишон додани ҳамраъйии комили миллӣ ва ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои олии оинномавӣ ва барномавии ҳизб муваффакиятҳоро нигоҳ дошта, фаъолияти созандаи ҳудро ба василаи таҳкими истиклолияти давлатӣ, сулҳу суботи сартосарӣ, ҳамдигарфаҳмию пешрафт ва таҷлили ормонҳои демократии ҷомеа табдил ҳоҳад дод.

Мӯътабар Мадаминова

собиқадори ҲХДТ

 аз ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>