ҲХДТ: БОНУВОН НЕРӮИ ТАШАББУСКОРУ МАСЪУЛИЯТШИНОС

IMG_20170901_101017485

Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлил аз 25 — умин солгарди таъсисёбии ин нерӯи сиёсӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар таърихи фаъолияти ҳизб ва барои кулли аъзову ҷонибдорони он воқеаи пурнишот маҳсуб меёбад.

Шоистаи ифтихор ва сарбаландист, ки Пешвои муаззами миллат ба занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, аз ин қишри ҷомеа ҳамчун нерӯи ташаббускор, қишри масъулиятшинос, қувваи пешбар ном мегиранд.

Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII ҲХДТ бори дигар таъкид намуданд, ки ба иродаи мустаҳкам ва масъулиятшиносии бонувон эътимод доранд ва дар пешрафту рушди кишвар ба нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ин қишри зиндагиофари ҷомеа бовар мекунанд.

Дар Анҷумани XIII ҲХДТ бори дигар қайд гардид, ки ҳизб минбаъд низ барои баланд бардоштани мақому маназалати зан дар ҷомеа тамоми иқдоми имконпазирро роҳандозӣ намуда, барои амалӣ намудани ташаббусҳои занону бонувон мусоидат менамояд.

Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ, ки дар Анҷуман барои солҳои 2020 — 2025 тасдиқ гардид, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа аз афзалияти хос бархурдор аст: “ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунгузор ва судӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд”.

Обрӯву нуфузи ҲХДТ низ аз он маншаъ мегирад, ки он дар мавриди сиёсати гендерӣ ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Аз 490 ҳазор нафар аъзои ҲХДТ 235 ҳазор нафар, наздик 48 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Агар соли 2011 шумораи занон дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон танҳо дар вилояти Суғд 20 ҳазор нафарро фаро мегирифт, ҳамакнун ин нишондиҳанда наздик 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Анҷумани 13 уми ҲХДТ аз 28 нафар номзад, ки ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд, 14 нафарро занон фаро гирифтанд. Ин далел аз эътимоди ҳизб ба нерӯи занон аст. Аз ҷониби  дигар, занону бонувони тоҷик низ ифодаи марому мақсади худро дар ғояҳои ин ҳизб дида, ба сафи он шомил мешаванд. Имрӯз занону бонувони тоҷик, шуруъ аз олиму адиб то ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ ва муаллиму муҳаққиқ узви ҲХДТ ҳастанд ва дар татбиқи ҳадафҳои ҳизб нақши муассир доранд.

Чуноне Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, узви ҲХДТ будан на танҳо шараф, балки масъулияти бузург аст.

Омили ифтихор ва ҳам масъулияти ман низ ҳаст, ки ҳамчун олими ҷавон узви ин нерӯи тавонои сиёсӣ ҳастам ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани мақсаду ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ масъулият бар дӯш дорам.

Мо, занону бонувон минбаъд низ ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳании ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш менамоем, ки бо азму иродаи қавӣ ва масъулиятшиносӣ, ки роҳбарияти олии ҲХДТ бовар доранд, дар пешрафти Тоҷикистон саҳим бошем!

Замира САТТОРОВА

номзади илмҳои филологӣ, дотсенти

МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>