РОҲЕ, КИ БА ҚУЛЛАИ МУРОД МЕБАРАД

Шукурзода

То оғози Анҷуман даромадгоҳи Кохи Борбад намоиши  пурмӯҳтавои дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро тӯли 25 солро медидам ва дар шумораи идонаи нашрияи “Минбари халқ”  ба шеъре, ки ба ҳизб бахшида шудааст, чашмам афтод. Байтҳои зер зуд ба дилам нишаст:

Туӣ, ки офаридаи ҳаёти пурнишоти мо!

Туӣ, ки ранг додаӣ ба азму бар суботи мо!

Чу ҷавшани баэътмоди Ватан туӣ,

Туӣ умеди охирин, туӣ, туӣ наҷоти мо!

Вақте суханронии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Анҷуман мешунидам, ба дурустии ин суруда бори дигар эътимод намудам. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, “Ҳизби мо ба хотири муҳайё намудани такягоҳ ва ҷавшани боэътимод барои таҳкими давлатдории дунявӣ, демократӣ, роҳандозии тарҳҳои бузург ҷиҳати бунёди ҷомеаи рушдёфта ва мутамаддин таъсис шудааст ва тӯли чоряк аср дар корзори интихоботҳо, таъсиргузорӣ ба маърифати сиёсии ҷомеа инро собит ҳам намудааст”.

Раиси мӯҳтарами ҳизб баробари масъалагузориҳои ҷиддӣ, ки ба таъмини ояндаи Тоҷикистон ва ҳизб оид буд, бо ҳамсафон сӯҳбати самимӣ низ доштанд.

Дар Анҷуман раиси муаззами ҳизб эътимодашонро ба ҳамсафон баён дошта, баробари ин назди мо барои давраи наздик ва оянда вазифаҳои ҷиддӣ гузоштанд. Ин вазифаҳо ҳам дар суханронию шарҳу эзоҳашон оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва ҳам дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб равшану возеҳ баён шудаанд. Ин аз он бамеояд, ки ҳоло бори сангини давлатдорӣ дар фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, таҳкими суботу амнияти миллӣ,  ваҳдати миллӣ, таъмини рушди иқтисод дар шароити рақобати шадид ба ӯҳдаи аъзоёни ҲХДТ вогузор шудааст ва мо барои имрӯзу ояндаи ин давлату миллат масъул ҳастем.

Бардошти дигар аз суханронии Раиси муаззами ҳизб ва қарорҳои қабулнамудаи Анҷуман ин омодагии ҷиддӣ ба интихоботи Маҷиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аст, ки ҳоло идома дорад. Ба назари ман ва инро Пешвои миллат низ таъкид намуданд, ҳарчанд ҳизби мо дар интихоботҳои гузашта таҷрибаи ғанӣ ғун кардааст, дар ин рӯзҳо мо бояд корҳои тарғиботиро байни аъзоёни ҳизб ба маротиб бештар намоем, нуктаҳои муҳими Барномаи пешазинтизоботии ҳизбро нахуст ба ҳамаи аъзоёну ҷонибдорони ҳизб шарҳ диҳем ва тавассути онҳо ба  мардум расонем. Воқеан, дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки дар Анҷуман пазируфта шуд, дар заминаи Стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030 анҷоми корҳои зиёде пешбинӣ шудааст, ки ҳамаи соҳаҳоро фаро мегирад.

Дар анҷом, мехоҳам як нуктаи дигарро аз суханронии Пешвои миллат ва Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд биёварам! “Роҳи интихобкардаи мардуми мо ягона ва бебозгашт аст”.

                            Мурод Шукурзода,

                                                       раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>