САДОҚАТ БА ВАТАН, САДОҚАТ БА ҲИЗБ

1

Соли 2019 барои мардуми шарифи кишвари офтобрӯяи мо, хосса барои аъзо ва алоқамандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли хотирмону боровар буд. Зеро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мавриди истифода қарор гирифта, аз 25 – солагии қабули Конститутсия мамлакат таҷлил намудем.

Ҳанӯз шукуҳу ҷалоли ин рӯйдодҳои муҳим аз хотирҳо нарафта, ҳизбиёни кишвар бо ифтихору саодати бепоён 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар Анҷумани саодатофари ХIII бо шукуҳу шаҳомати хосса бо ҳузури садри муаззами ҳизб ва беш аз 2 ҳазор вакилон таҷлил намуданд.

Шахсан барои ман, ки ба ҳайси вакил бори нахуст дар ин ҳамоиш ширкат варзидам, як ҷаҳон таассуроти амиқе гузошт. Зеро барои ман шарафмадии бузург иттифоқ афтод, ки аз нутқи пурмӯҳтаво баҳравар гардам. Воқеан ҳам, зуҳур кардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои ҳассоси солҳои навадум кори оқилона ва тадбири инсонгароёна буд, ки бо ҳидояти Сарвари давлат ба фазои сиёсии кишвар пайваст шуда, дар тӯли 25 соли фаъолияташ чун ҳизби маҳбуб ва дилошно дар ҷамъият мавқеъ ва нуфуз пайдо кард. Ва сол то сол тарафдорону алоқамандонаш зиёд мегарданд. Омили муҳаббату ихлос ба ин нерӯи қудратманд аз самимияти Роҳбари давлат манша мегирад. Махсусан пайравони Пешвои миллат бештар  аз Оиннома ва Барномаи ҳизб огоҳӣ пайдо намуда, шомили ҳизб шуданд, ки ин бурди ҲХДТ аст. Аз ин ҷост, ки ҳудуди 70 фисади аъзоёни ҳизбро имрӯз ҷавонону бонувон ташкил медиҳанд.

Мулоқоти рӯ ба рӯ ва хоксоронаю адабпарваронаи Раиси муаззами ҳизб моро ба корҳои азиму бундёкориву созандагӣ раҳнамун мекунад. Махсусан дар марҳилаи нави фаъолияти ҳизб, ки ба 30 – солагии таъсисёбии ҷумҳурии мо наздиктар аст, масъулияти моро дучанд месозад.

Мо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами ҳизбро роҳнамои хамешагии худ дониста, бо дастовардҳои азими меҳнатӣ дар ҷалби аъзои нав , хосса ҷавонон кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Зеро пуштибони мо нафаре аст, ки садоқати ватандориро болотар аз ҳама неъмат медонад.

Эҳсон ИСОЕВ,

мудири шуъбаи ташкилии

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>