Созмони боэътимоди сиёсӣ

Logo_001

Аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол пур шуд. Воқеан баргузор шудани Анҷумани 13 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз ин санаи муҳим рӯйдоди фараҳбахш аст.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ҲХДТ ҳамчун яке аз он нерӯҳои  сиёсии бошарафи ҷомеаи мо шинохта шуда, мақсадаш бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ростину безавол буду ҳаст.

ҲХДТ тӯли ин солҳои сарнавиштсозу тақдирофар обруву нуфуз ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеа пайдо намуда, ба эътимоди халқ сазовор шуд.

Сулҳу ваҳдат,  оромию осоиштагӣ, волоияти қонуну таъмини соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқию дўстии тамоми халқу миллатҳо, бунёди ҷомеаи дунявию адолатпарвар, фароҳам овардани зиндагии муносиб ва инкишофи озодона, таъмини озодии виҷдону сухан, мустақилияти воситаҳои ахбори умум, сарпарастии оилаҳои камбизоат, шахсони яккаю танҳо, ѓамхории пайгирона ба нафақахўрон, собиқадорон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ худ нишони таҳкими демократия аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, давоми 25 соли фаъолияташ чун хуршеди дурахшон ба арсаи сиёсии мамлакат нурпошӣ намуд ва дар як муддати кўтоҳ ба нерўи пурқуввати сиёсии ҷомеаи навини мо табдил ёфт. Мо ҳизбиён ифтихор мекунем, ки дар эътирофи ҷаҳонии сулҳи тоҷикон  нақши Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон беназиру беҳамтост.

Бори дигар, мо занону модарон, духтарону бонувонро эътиқоду эътимоди Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳбаланду сарфароз намуд,  зеро эшон бо назардошти он, ки як ҷабҳаи мақсад ва мароми фаъолияти ҳизбамон ба паҳлуҳои иштироки занон дар давлатдорӣ, сиёсатмадорӣ, соҳибкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо нигаронида шудааст, изҳор доштанд, ки намояндагии занон дар маҷлисҳои вакилони халқи ҷамоатҳои деҳот, шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз сӣ то чил фоиз афзун гардонида шавад.

Ин ҳама боварию эътиқод тамоми аъзоёни ҳизбро вазифадор менамояд, ки аз ҳарвақта бештар тамоми донишу малака ва истеъдоду таҷрибаи худро барои  иҷроиши барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд, мо кору фаъолияти худро ба роҳ монем ва сулҳу ваҳдати комилро парчамафрӯзу пуштибон бошем.

 

Шуҷоат Ҳасанова,

Ходими ҳизбию давлатӣ,

муовини Раиси МН МО ҶТ,  даъвати сеюм

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>