Ҳизби ормонҳои мардум

Logo_001

Санаи 13 декабри соли равон дар толори Кохи Борбад таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13 – уми ҳизб баргузор гардид, ки дар он фаъолияти 5 солаи ҳизб мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Аз маърӯзаи Роҳбарияти олии ҲХДТ ва раиси комисияи тафтишотӣ маълум гардид, ки бо туфайли ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва иштироки фаъолонаи аъзову ҷонибдорони ҲХДТ Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки барои солҳои 2015 – 2020 пешбинӣ шуда буд, сад дар сад амалӣ гардидааст, ки боиси қаноатмандӣ ва ифтихори ҳар як аъзои он аст. Бешубҳа, ин давра давраи рушди ҲХДТ дар ҳамаи самтҳои  фаъолият маҳсуб ёфта, таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб аъзо ва ҷонибдорони он дар иҷрои се ҳадафи стратегии мамлакат саҳми назаррасу арзанда доштанд.

Сол то сол зиёд шудани сафи ҳизбиён ва ҷонибдорону пайравони он бозгӯи афзоиши обрӯву нуфузи ҳизб дар байни ҷомеа буда, манфиат ва хостаҳои аксари сокинони кишварро ифода мекунад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҲХДТ сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату  ҷомеа арзиши бузург эътироф намуда, таблиғи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои асосии хеш қарор додааст.

Боиси қайд аст, ки давоми 5 соли охир заминаи моддию техникии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бой гардида, аксарияти онҳо бо дастгирии аъзову соҳибкорони ба нангу ор, сарпарастон соҳиби бинои замонавӣ гаштаанд, бешубҳа ба фаъолияти самараноки кумитаҳои иҷроия ба пуррагӣ мусоидат намудааст.

Суханронӣ дар Анҷуман Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат ба занон чун нерӯи бузурги офаранда, тарбиятгар ва пешбарандаи  ҷомеа бори дигар таваҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд карданд, ки сафи номзадҳои вакилони мардумӣ аз ҷамоатҳо сар карда, то ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 фоиз аз ҳисоби занон болаёқату соҳибистеъдод пешбарӣ гардад, ки боиси сарфарозии мо бонувони саодатманди даврони соҳибистиқлол аст.

Мо занону модарон – вакилбонувон ба дастгириву пуштибонии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯза эҳсос мекунем ва бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, сиёсати оқилона, хирадмандона, дурандешонаашонро барои дар амал тадбиқ намудани тамоми нерӯи ақли ва зеҳнии худро равона мезозем.

Қарорҳои қабулнамудаи Анҷумани навбатии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизб ва пайравони онро водор месозад, ки баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон , гиромидошт ва ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ содиқона хидмат кунем.

Ман аз рӯзи аввалини таъсисёбии ҲХДТ тақдири худро пайвастам, ки имрӯз он ба як нерӯи тавонову созанда ва мутаҳидсози ҷомеа табдил ёфтааст. Дар мактаби сиёсии он обутоб ёфта, ифтихор аз он дорам, ки дар рафти амалигардонии ҳадафҳои  Оидномавӣ ва Барномавии он, ки ифодагари ормонҳои миллӣ мебошад, саҳм гузоштаам.

Мо, аъзоёни ҳизб аз дастуру супоришҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки он ифодагари ғояҳои созандаю бунёдкоронаи ҳизби мардумӣ буда, дар ҷараёни кори Анҷуман  пешниҳод гардид, руҳу илҳоми тоза гирифта, дар атрофи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муттаҳид ва барои рушди Тоҷикистон тамоми қувва ва нерӯи хешро сафарбар менамоем.

 

                                     М. Мирпочоева

собиқадори ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>