“Насими муҳаббат” ҳунармандонро ҷамъ овард

IMG_20191220_113150_BURST3

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи ҳамоиши “Насими муҳаббат” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ифтихори 25 — умин солгарди таъсиси ҳизб намоиш – озмуни бонувони ҳунарманд баргузор шуд.   Намоиш — озмун бонувони ҳунарманди  20 маҳаллаи шаҳр ва ҷамоатҳои деҳотро  бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қуроқдӯзӣ, гилему атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, армуғонҳои гуногун аз ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ ҷамъ овард.

Бо раъйи ҳайати ҳакамон ба ғолибони озмун сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакентро  раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода супорид.

Ҳамчунин, ба ҳамаи иштирокчиёни намоиш – озмун тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроия тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>