Ташаббуси шоиста дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Fotoram.io (8)

Ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои тиб, узви фаъоли Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Комилов ба 24 нафар донишҷӯёни ятим кӯмаки пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии ятимону камбизоатон дар мадди аввал қарор гирифта, эшон мунтазам мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Комилов аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд, донишҳои муосирро аз бар намоянд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдомоти хайрхоҳона аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд дар доираи татбиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону камбизоатон амалӣ гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>