ҲИЗБИ МАҲБУБ САДОҚАТУ МАСЪУЛИЯТПЕШАГИРО ТАҚОЗО ДОРАД

1

Бори нахуст бароям муяссар шуд, ки ба ҳайси вакил аз шаҳри Хуҷанд дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ширкат варзидам. Аз он ифтихор дорам, ки  дар қатори чеҳраҳои маъруфи кишвар аз суҳбату маслиҳатҳои роҳнамоикунандаи  Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар шудам. Толори барҳавои кохи «Борбад»-и саршор аз меҳру муҳббати ҳизбиён буд.

Руҳияи идонаи вакилонро суханронии пурмӯҳтаво ва фарогири тамоми самтҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам хушнудтар намуд. Дар баромади Раиси ҳизб таъкид шуд, ки фаъолияти ҳизб аз сифр оғоз шуда, дар такя ба равшанфикрон ва зиёиён оиннома ва Барномаи ҳизб таҳия шуда, касе  гумон намекард, ки дар муддати кӯтоҳ маҳбубияти халқро ба даст овард. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди аъзо, таъсис ёфтани аввалин ячейкаҳои ҳизбӣ аъзо ва пайравони ҳизбро зина ба зина зиёд намуд.

Нуктаи ифтихорангези Анҷуман он буд, ки Раиси ҳизб бо як эҳсоси наҷиб баён доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро чун фарзанди хеш дӯст медорад. Зеро ҳизб пеши назари роҳбари давлат сабзид, рушд кард ва имрӯз наздики 500 ҳазор аъзоро сарҷамъ намуд. Ба андешаи Пешвои миллат маҳбубияти ҳизб дар он зуҳур мешавад, ки он афкор ва андешаи халқро болотар аз ҳама арзишҳо медонад. Сониян дар қиёс ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ платформаи пешазинтиҳобиаш ҳамрадиф бо Стратегияи давлат буда, дархӯри розҳои халқи оддӣ аст. Ба Ҳизби Халқии Тоҷикистон зам шудани калимаи «Демократия» бар он сабаб аст, ки ҳизб аз лиҳози озодии баён ва фикр аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Барои мо, бонувон мояи ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳизб ба занону бонувон беш аз пеш меафзояд. Худи таркиби аъзои ҳизбро назар намоем, наздики 52 фисадро занон ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки аз шумори умумии роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ ва кумиҷроияҳои ибтидоӣ беш аз 60 фисадро бонувон созмон медиҳанд. Бо нишонаи ихлос ва таваҷҷуҳ 14 нафар  вакилони эҳтимолӣ аз рӯи  ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои занони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Анҷумани мазкур марҳилаи нави фаъолияти ҳизбро  бо роҳандозии Барномаи нав таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» муайяну мушаххас намуд. Моро мебояд, ки бо азму қатъият паи эъмори ҷомеаи демократӣ ва озод саъю талош варзем.

Заррина Манонова,

мудири шуъбаи кор бо занони

кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>