Ҳизби ҳимоятгари манфиатҳои мардум ва ғояҳои ояндасоз

Logo_001

Барои ман бори аввал ба ҳайси вакил аз шаҳри Хуҷанд иштирок кардан дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо иштироки Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи боҳашамат ва пуршукӯҳи Борбад санаи 13-уми декабри соли 2019 баргузор гардид, мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.

Суханҳои пурҳикмати Раиси ҳизбамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷуман ироа гардид, ба мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар бахшида шуда, мо мутахассисони ҷавонро барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ, муҳаббати беҳамто ба Ватан, ҳушёру зирак будан ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ҳидоят менамояд.

Аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мо шараф ва мояи ифтихор буда, мақсаду маром ва барномаи он бевосита барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатию таъмини оромиву субот дар кишвар равона карда шудааст. Обрӯву нуфузи ин ҳизби воқеан халқиву мардумӣ бо  ном, кору пайкор ва андешаҳои ояндасоз, хизматҳои шабонарӯзии сиёсатмадори маъруфи асри XXI Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии қавӣ дорад.

Боиси ифтихор ва хушнудии мост, ки сафи ҳизбиён рӯз то рӯ афзоиш меёбад ва тибқи омори расмӣ имрӯз ҲХДТ беш аз 490 ҳазор аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҳизб имрӯз дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, ҳизбиён тамоми кӯшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, солим нигоҳ доштани мафкураи шаҳрвандон, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон равона месозанд. Зиёд гардидани шумораи занон дар ҳизб, иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб ва хатарноки ҷомеа ба монанди терроризму экстремизм, амалҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таккони ҷиддӣ мебахшад, ки ин нукта дар Анҷуман аз ҷониби Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид.

Роҳбари ҳизб дар Анҷуман таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ ҳамчун нерӯи ояндасоз вусъат бахшидан ба раванди ислоҳот дар тамоми самтҳои ҳаёти кишвар, таъмини рушди иқтисоди миллӣ, бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Анҷумани 13-уми ҲХДТ ҳамчун чорабинии муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ҳар як аъзои он буда, бори дигар собит менамояд, ки ҳизби мо дар низоми бисёрҳизбии кишвар мавқеи сиёси худро дарёфтааст ва як қувваи бузурги сиёсӣ, ҳизби роҳнамо аст.

Мо, аъзоёни ин ҳизби созандаву бунёдкор дар оянда низ дар атрофи Раиси муаззами ҲХДТ муттаҳид гашта, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдату суботи кишвар ва рушди давлатдории миллии тоҷикон саҳми худро мегузорем ва барои татбиқи ҳадафу барномаҳои ҳизбӣ камари ҳиммат мебандем.

Иброҳим Ҷабборов,

декани факултети таърих ва ҳуқуқии

МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>