Рӯзи касбии кормандони соҳаи энергетика

IMG_0251

Ба муносибати рӯзи касбии кормандонии соҳаи энергетика дар ташкилоти ибтидоии ҳизии “Нурафшон” чорабинӣ доир гардид.

Мурод Шукурзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент кормандони ташкилоти ибтидоиро табрик гуфт.

Мавсуф таъкид намуд, ки бо талошҳои роҳбарияти олии ҳизб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба тадриҷ ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад ва бо бунёди НОБ-и Роғун ба яке аз кишварҳои содиркунандагони бузурги нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки ташкилоти ибтидоии “Нурафшон”  аз беҳтарин ниҳодҳои ҳизбии шаҳр маҳсуб ёфта, як саду ҳафтод нафар ҳизбиёни ҶСК “Шабакаҳои барқи Панҷакент”-ро муттаҳид менамояд.

Як қатор фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>