“Ваҳдати оила” боз як оиларо ба муросо овард

IMG_20191223_231045

Маркази “Ваҳдати оила”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд боз як оиларо ба муросо овард. Ин навбат ба масъулини марказ ҷиҳати ҳалли муаммои оилавӣ сокини Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом шаҳрванд Н. ( ному насаби аъзои оила махфӣ нигоҳ дошта мешавад) муроҷиат намуд.

Зимни баррасии муроҷиат маълум гардид, ки шаҳрванд Н. бо ҳамсараш М. моҳи сентябри соли равон оила барпо намуда, давоми чор моҳ инҷониб зиндагии якҷоя ба сар доранд.

Намояндагони “Ваҳдати оила” — Негматова Мукаррама ва Мансурова Шарифа ҳамчун гурӯҳи сайёр ба манзили истиқоматии муроҷиаткунанда омада, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин оиларо ба муросо оварданд.

Хотиррасон менамоем, ки “Ваҳдати оила” бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ — пойдории оилаҳо ташкил шуда, то имрӯз зиёда аз 50 оиларо ба муросо овардааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>