Хуҷанд: таҷлили рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Fotoram.io (10)

Дар толори идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи касбии энергетикҳо бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барқчиёни шаҳрро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаи афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.

Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва Тоҷикистон туфайли иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегии худ дар марҳилаи рушди босуръат қарор дорад.

Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи энергетикҳо мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ба самъи ҳозирин расонд.

Ҳамзамон, перомуни нақши кормандони соҳаи энеретика дар таъмини зиндагии шоистаи сокинон Сатториён Матлубахон Амонзода сухан намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, даҳҳо иншоотҳои гуногуни энергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Як қатор фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>