Ҷавонон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ

Хуҷанд. Дар толори маҷлисгоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии устодону донишҷўёни факултети бизнес ва идоракунӣ бо намояндаи мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд, сардори шўъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи II Файзуллозода Таваккал Аҳмадиён баргузор гардид. Вохўриро муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Мубинахон Ҷалоловна  Хоҷаева ифтитоҳ бахшида, ёдовар гашт, ки дар асоси мактуби раёсати Прокуратураи вилояти Суғд аз 23 августи соли 2016, таҳти №570 ва тибқи ҷадвали тасдиқгардида имрўзҳо дар макотиби олии касбии вилоят мулоқоту сўҳбатҳо бо ҷавонону донишандўзон баргузор гардида истодаанд. Ҳадаф аз ташкилу баргузории чунин вохўриҳо пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҷиноят, шомилшавии онҳо ба гурўҳҳои ифротӣ, ҳамчунин баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиашон мебошад. Баъдан, назди устодону донишандўзон мушовири адлияи дараҷаи II  Т.А.Файзуллозода сухан намуда, афзуд: муҳимтарин масъалае, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин қонунвайронкуниҳо аз тарафи ҷавонон, ҳамчунин аз сабаби паст будани донишу маърифат шомил гардидани бархе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ мебошад. Маърўзачӣ бо санаду далелҳои мушаххас аз ҳаёти ҷавонони вилоят перомуни ин мавзўъ андешаҳои асоснок баён намуд. Аз ҷавонон, бахусус, донишандўзон даъват ба амал овард, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва савияи донишҳои ҳуқуқии худро пайваста боло бардоранд. Дар интиҳои ин мулоқоти судбахш донишандўзон аз меҳмонони мулоқот ба суолҳои бешумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар назар аст, ки чунин вохўриҳо рўзҳои наздик дар факултетҳои дигари маъвои маърифат низ бо ширкати меҳмонону шахсони масъул баргузор хоҳанд гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>