Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ДДҲБСТ

1

Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои стратегии давлатие мебошад, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хос ироа мегардад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, яке аз муҳимтарин барномаи давлатие мебошад, ки ба давраҳои гуногун бахшида шудааст.

Имрӯз санаи 7 январи соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор шуд.

Нахуст ноибректори донишгоҳ Мубина Хоҷаева вохӯриро ифтитоҳ намуда, доири ҳадафи мулоқот маълумот дод.

Дар вохӯрӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Саодат Аминҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, ноибректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Рухсора Давлатзода  ва мудири шӯъбаи ташкилии   Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон  дар шаҳри Хуҷанд Эхсон Исоев иштирок ва баромад намуданд.

Зимни маърӯзаҳо иброз гардид, ки саҳми бузургу беназири Пешвои миллат дар бунёд, рушд ва инкишофи самтҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бағоят бузург аст.

Дар идома меҳмонон дар мавриди паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ибрози андеша намуданд. Дар интиҳо таъкид шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин дастуру роҳнамо барои фаъолияти созанда дар ҳамаи самту соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>